Ҷонибдории наздик ба бист масъала аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ
ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Наздик ба 20 масъалаи марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июл дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси Миллӣ иттилоъ медиҳад, ки аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон чор қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ду қонуни наву мукаммал- қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи реклама», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи монополияҳои табиӣ»-ро муҳокима ва ҷонибдорӣ намуданд.
Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Фарҳод Раҳимӣ, Муҳаммадюсуф Имомзода ва Раҳмоналӣ Амирзода иброз доштанд, ки қонунҳои мазкур бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими волоияти қонун ва рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ва тақвияти пояҳои давлатдорӣ таҳия гардидаанд.
Дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллӣ ҳамзамон номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон иваз карда шуд.








Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






