Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Роҳи автомобилгарди “Балҷувон — Сари Хосор” сохта ва рушди соҳаи сайёҳӣ таъмин карда шавад!»

Июль 14, 2017 13:20

ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар робита ба иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рузҳои 7 ва 30 июни соли ҷорӣ муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор аз ҷараёни корҳо дар сохтмони роҳи автомобилгарди “Балҷувон-Сари Хосор” дидан намуда, дар доираи ҷаласаҳои Ситоди амалкунада масъалаҳои мавҷударо мавриди баррасӣ қарор дода буд.

Зикр карда шуд, ки мақсад аз вусъат бахшидан ба ҷараёни корҳои сохтмонии роҳи автомобилгарди “Балҷувон-Сари Хосор” ин пайваст кардани роҳи автомобилгарди деҳаҳои ҷамоати деҳоти Сари Хосор бо маркази ноҳия ва тавассути он муҳайё сохтани шароит барои дастрасии сокинони кишвар ва сайёҳони хориҷӣ ба ин минтақаи зебоманзари кишварамон мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки сохтмони роҳи мазкур аз соли 1990 оғоз гардида, бинобар маҳдуд будани имкониятҳои маблағгузорӣ ва нооромиҳо дар кишвар то имрӯз, мутаасифона, ба охир нарасидааст. Дар ин муҳлат барои давом додани корҳои сохтмонӣ аз буҷаи марказӣ зиёда аз 7 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст ва мушкили асосӣ дар сохтмони ин роҳ аз он иборат мебошад, ки  масири он аз мавзеъҳои пуркаҷу килеби шароити мушкили куҳистон гузашта, танҳо дар 23 километри аввали он зарурати сохтмони 53 адад обпартою қубурҳои оҳану бетонии обгузар вуҷуд дорад, ки ин хароҷоти муайянеро талаб менамояд.

Сари ХосорБо мақсади расонидани кумаки амалӣ ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоати деҳаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон дастур дода шуд, ки аз ҳисоби ҷавонони тануманди ҷамоату ноҳия гурӯҳҳои ризокоронро ташкил намуда, ба раванди корҳои сохтмонӣ такони тоза бахшанд.

Ҳамчунин бо мақсади ташкил намудани инфрасохтори зарурӣ, иншооти хизматрасонию маишӣ ва истеҳсолӣ, дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, бо назардошти ба минтақаи сайёҳӣ табдил додани ноҳия, алалхусус ҷамоати деҳоти Сари Хосор, бо дастури Пешвои миллат бо фаъолон, зодагони минтақа, сохторҳои дахлдор ва доираи васеи соҳибкорон гуфтушунидҳои пурсамар анҷом дода шуд.

Интизор меравад, ки аз ҳисоби соҳибкорони бонангу номуси минтақа масъалаҳои ташкили шароити муносиб барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ва гузоштани заминаи вокеӣ барои рушди минбаъдаи ноҳия, дар маҷмуъ дастгирӣ меёбад.

 

 

Июль 14, 2017 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад