Пешвои миллат: «Сари Хосор асрҳои зиёд макони мирнишин будааст»

Июль 27, 2017 11:32

ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Мавзеи Сари Хосор таърихи хеле қадимӣ дошта, яке аз марказҳои ривоҷи илму адаб ва маърифату фарҳанги халқамон ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки бо ин сабаб ва бинобар иқлими ниҳоят мусоид, оби фаровон ва табиати зебову нотакрори худ Сари Хосор асрҳои зиёд макони мирнишин будааст. Тавре ки аз таҳқиқоти олимон бармеояд, оби фаровон, боғҳои мевадор ва ҷангалзору алафзори мавзеъи Сари Хосор ҳанӯз дар асри биринҷӣ, яъне ҳазорсолаи дуюми то мелод барои чорводорӣ ва бунёди макони зисти доимии одамон бисёр мувофиқ будаанд». Ин нуктаро  имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Балҷувон изҳор доштанд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, чанд сол пеш дар деҳаи Шайдон қабристоне ёфт шуда буд, ки мувофиқи хулосаи бостоншиносон дар он сипоҳиёни давраи Ҳайтолиён гӯронида шуда, ба асрҳои дуюм то панҷуми мелодӣ мансуб мебошад. Ин бозёфт боз як далели равшани таърихи бостонӣ доштани Сари Хосор мебошад. Ба андешаи донишмандон, вожаи Сари Хосор ба маънои саргаҳи Хуросон  ё оғози Хуросони таърихӣ, инчунин макони дар рӯ ба рӯи  офтоб ҷойгирифта маънидод шудааст.

«Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки бо вуҷуди интишори як силсила китобу мақолаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ, таърихи ин диёри бостонӣ, тарзи зиндагӣ, маданияти заминдориву чорводорӣ ва дигар масъалаҳои ҳаёти гузаштаи сокинони он то ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд ва анҷом додани ин кори хайр, яъне муаррифии воқеиву шоистаи таъриху фарҳанги як пораи сарзамини тоҷикон вазифаи олимону мутахассисон мебошад»,- изҳор доштанд Сарвари давлат.

 

Июль 27, 2017 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд