Рашид Мередов: «Асоси рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро дӯстии самимонаи Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ташкил медиҳад»
ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асоси рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро дӯстии самимона ва қавии барқарорнамудаи роҳбарони аввали ин давлатҳо-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ташкил медиҳад. Ин нуқтаро муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид намуд.
Бино ба маълумоти Рашид Мередов, зимни мулоқот бо Пешвои миллат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки барои идомаи бобарори онҳо талошу иқдомҳои ҳарду ҷониб бояд васеъ истифода бурда шаванд»,-зикр кард Вазири корҳои хориҷии Туркманистон.
Ҷонибҳо ҳамзамон ба масъалаҳои тақвияти бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи роҳу нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.
Рашид Мередов зикр кард: «Лоиҳаҳои инфрасохтории бузург, ки Тоҷикистону Туркманистон дар татбиқи онҳо иштирок менамоянд, омили муҳими рушди устувор ва ҳамгироии бобарор дар доираи минтақа ба шумор мераванд».
Муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов изҳори умедворӣ кард, ки сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои хуб анҷом ёфта, мардуми моро боз ҳам наздиктар сохта, барои рушди ҳамкориҳои муваффақ шароити иловагӣ фароҳам меорад.








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






