Рекламаи машрубот ва тамоку дар Тоҷикистон манъ мегардад
ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон рекламаи тамоку, машрубот ва маҳсулоти тамоку манъ карда мешавад. Дар робита ба ин имрӯз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» -ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд.
Зикр шуд, ки тибқи қонуни мазкур, ки охири моҳи майи соли равон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст, шахсони воқеию ҳуқуқие, ки дар Тоҷикистон машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, вобаста ба реклама сарпараст буда наметавонанд. Ҳадаф аз ин тағйирот ба қонуни реклама ба танзим даровардани тартиби пешниҳоди хизматрасонӣ дар бахши реклама дар бозори маҳсулот ва хизматрасонӣ арзёбӣ мегардад.
Қонуни мазкур баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интишор дар нашрияҳои расмии кишвар мавриди амалӣ қарор хоҳад гирифт.








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






