Рекламаи машрубот ва тамоку дар Тоҷикистон манъ мегардад

Июль 12, 2017 14:10

ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон рекламаи тамоку, машрубот ва маҳсулоти тамоку манъ  карда мешавад. Дар робита ба ин имрӯз  аъзои Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» -ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд.

Зикр шуд, ки  тибқи қонуни мазкур, ки охири  моҳи майи соли равон аз ҷониби вакилони Маҷлиси  намояндагон қабул гардидааст,    шахсони воқеию ҳуқуқие, ки дар Тоҷикистон машрубот,  тамоку ва  маҳсулоти  тамоку истеҳсол мекунанд, вобаста ба реклама сарпараст буда наметавонанд. Ҳадаф аз ин тағйирот ба қонуни  реклама ба  танзим даровардани  тартиби пешниҳоди хизматрасонӣ дар бахши реклама дар бозори маҳсулот ва хизматрасонӣ   арзёбӣ мегардад.

Қонуни мазкур баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва интишор дар нашрияҳои  расмии кишвар мавриди амалӣ қарор хоҳад гирифт.

Июль 12, 2017 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид