Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
САНГВОР, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ноҳияи Сангвор дар нимсолаи аввали соли равон ба 17,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 9,5 миллион сомонӣ гардиши савдои чакана, 2,9 миллион сомонӣ хизматрасонии пулакӣ ва 5 миллион сомонӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад ва ба ҳар сари аҳолии ноҳия 772 сомонӣ рост меояд»,-гуфт Раиси ноҳияи Сангвор Зарифхӯҷа Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба иттилои Зарифхӯҷа Шоҳиён, дар шаш моҳи соли 2017 тавассути бонкҳои амалкунандаи ноҳия ба 203 нафар сокинон 695 ҳазору 290 сомонӣ барои рушди соҳибкорӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ ва занбӯрпарварӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудааст.
Инчунин дар ин муддат ба воситаи бонкҳои мазкур аз хориҷи кишвар ба маблағи 6 миллиону 733 ҳазору 591 сомонӣ аз ҳисоби муҳоҷирони кории Федератсияи Россия ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 милиону 700 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.