Шавкат Бобозода: «Тоҷикистон моҳи сентябр дастовардҳои саноатиашро дар Тошканд муаррифӣ менамояд»

Июль 28, 2017 10:48

           ДУШАНБЕ, 28.07.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии  ду кишвари  дӯсту бародар  ва  ҳамсоя-  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш густариш меёбад. Далели ин гуфта моҳи сентябри  соли равон  ташкили намоишгоҳи молҳои саноатии  Тоҷикистон дар Ӯзбекистон мебошад.

Шавкат Бобозода,  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки дар намоишгоҳи молҳои саноатии Тоҷикистон, ки моҳи сентябр дар шаҳри  Тошканд созмон дода мешавад, 64 корхонаю ширкатҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон молу маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд. Вазир афзуд, ки дар кори иштирок дар намоишгоҳҳо корхонаю ширкатҳои саноатии Тоҷикистон таҷрибаи бой доранд ва умед аст, ки истеҳсолкунандагони мо дар ин намоишгоҳ фаъолона ширкат намуда, молу маҳсулоти ватаниро муаррифӣ намоянд. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ  Тоҷикистон молу маҳсулоти саноати  мошинсозӣ, маъданҳои кӯҳӣ,  саноати сабук, маҳсулоти аз алюминий истеҳсолгардида, фармасевтӣ ва хӯроквориро  ба намоиш гузорад.

Дар доираи намоишгоҳ  ҳамзамон  баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар аст.

Июль 28, 2017 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид