ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 27 июл, панҷшанбе, 208-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 157 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
27 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи неругоҳи обии Сангтўда – 2 сафар карда, бо рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуданд.
Баъди шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони неругоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинокорон ва мардуми зиёди ҷамъомада суханронӣ намуда, ин неругоҳро аз намунаҳои нахустин ва беҳтарини ҳамкории бунёдии иқтисодӣ ва омили таҳкимбахши дўстию бародарии мардумони ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистону Эрон арзёбӣ намуда буданд.
***
5 сол пеш, 27 июли соли 2012 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони кишварҳои Франсия, Британияи Кабир, Олмон, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кордори муваққатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба ҳузур пазируфта буданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳои қотеъ изҳор дошта буданд, ки ҳадафи амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷиноятпеша, пеш аз ҳама, қотилони сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулло Назаров мебошад.
***
Инчунин 27 июли соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои босифати дурнамо ва таҳлили боз ҳам амиқи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат, инчунин таҳияи санади мукаммал ба вазорату идораҳои дахлдори кишвар дастур дода буданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 — ро барои 624 хонанда дар як баст ифтитоҳ намуданд. Мактаби мазкур бо арзиши 2 миллиону 350 ҳазор доллар маблағҳои Бонки Исломии Рушд ва беш аз 2 миллион сомонӣ маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда буд.
27 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ветнам – Рӯзи қурбониёни расидан ба истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
27 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзон ва мардуми кишвар муроҷиатнома баён карданд.
***
27 июли соли 1694 дар Англия бо қарори парлумон «Бонки Англия» таъсис дода шудааст.
***
228 сол муқаддам, 27 июли соли 1789 аввалин мақомоти давлатии иҷроияи ИМА — шуъбаи робитаҳои хориҷии ИМА таъсис ёфтааст.
***
Инчунин 27 июли соли 1943 дар Италия ҳизби фашистон пароканда карда шудааст.
***
Дар ин рўзи соли 1965 Президенти ИМА Линдон Бейнс Ҷонсон лоиҳаи қонунеро имзо намудааст, ки аз истеҳсолкунандагони тамоку талаб мекунад, то дар қуттии он «тамоку ба саломатии шумо зарар дорад» навишта шавад.
***
27 июли соли 2010 дар Қирғизистон Конститутсияи нав қабул гардидааст.
ҲАМЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1920 аввалин маротиба барои назорати парвози ҳавопаймоӣ қутбнамои радиоӣ истифода шудааст.
***
Соли 1949 ҳавопаймои мусофирбари «Комет» аз ширкати ҳавопаймоии Британии Кабир «Де Хевилленд» аввалин маротиба парвози аксуламали худро ба роҳ мондааст.








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






