«Тоҷикагролизинг»: комбайнҳои махсуси шолидаравӣ то охири моҳи август ворид карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» (КВДҶ) дар асоси қарордоди мувофиқашуда бо намояндагони корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли равон 8 адад мошинҳои пахтачинии чаҳорқатора, кӯракғундор ва 20 адад ядакҳои тракториро харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ ворид намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат қарор медиҳад. Дар ин бора имрӯз муовини якуми директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Ботир Муминов зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор гардид, иттилоъ дод.
Зимни нишаст зикр гардид, ки КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар нимсолаи аввали соли равон 25 адад комбайнҳои ғалла ва шолидаравии чархдор ва тасмачархи истеҳсоли Федератсияи Россия ва Олмон, 98 адад тракторҳои гуногунтамға, зиёда аз 210 адад мошинолоти кишоварзиро ба ҷумҳурӣ ворид намуд. Комбайнҳои воридгардида дар асоси дархости хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба ноҳияҳои Мастчоҳ, Темурмалик, Восеъ, Шаҳритус, Турсунзода, Данғара, Ёвон ва дигар ноҳияҳо ҷудо карда шуданд.
«Аз дархосту талаботи воридгардидаи хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ маълум гардид, ки имрӯз хоҷагиҳо ба 140 адад тракторҳои тамғаи гуногуни МТЗ,140 адад испор, 35 адад комбайнҳои ғалладарав, 40 адад тойбанд ва 35 адад алафдарав ниёз доранд. Пас аз омӯзиши дархосту пешниҳодҳои мазкур мо ба хулосае омадем, ки бо дарёфи имконият баъди хариди ин миқдор техникаҳо онҳоро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас намоем», -иброз дошт Ботир Муминов.
Муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» Авлиёқул Урозов ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили шолӣ ва дастрас намудани техникаҳои махсуси ин соҳа чунин гуфт: «Охири моҳи августи соли равон бо мақсади сари вақт ҷамъоварӣ намудани шолӣ ва кам кардани мушкилоти кори деҳқонон аз хориҷи кишвар 6 адад комбайни тасмачарх ворид карда шуда, ба марказҳои хизматрасонии техникии корхона тақсим карда мешаванд».








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






