Ҷаласаи нахустини Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, корҳои анҷомдодашуда оид ба рушди сайёҳӣ дар нимсолаи аввали соли 2017, ҷараёни татбиқи барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2015-2017, тасдиқи Нақшаи кории Шӯро барои соли 2018 ва дигар масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро оғоз намуда, иброз дошт, ки бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ як зумра қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», Консепсияи рушди туризм, Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017 ва дигар санадҳои муҳим қабул ва мавриди иҷро қарор дода шуданд. Дар ин замина таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм аз иқдомҳои навбатӣ ба шумор меравад.
Тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат боз як силсила имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба соҳаи сайёҳӣ пешниҳод гардиданд, ки ба рушди соҳа такони нав хоҳанд бахшид.
Дар маҷмӯъ, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ мустаҳкам гардид.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи туризм Нуъмон Абдуғаффорзода иброз намуд, ки «фаъолияти Кумитаи навтаъсис ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, ҷалби васеи сайёҳон, муайян ва бартараф намудани монеаву мушкилоти соҳа, истифодаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳибкорӣ, тақвияти неруи инсонӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, инчунин ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ворид шудани соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа равона карда шудааст».
Бо итминон зикр гардид, ки дар заминаи дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ марҳила ба марҳила ба яке аз бахшҳои сердаромади иқтисодиёти миллӣ мубаддал хоҳад гашт.
Раиси Шӯрои байниидоравӣ, муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуктаҳои зикргардида як зумра вазорату идораҳо, аз ҷумла ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Хадамоти гумрук, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии омор, Агентии ҷангал, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар мақомотро бобати бартараф намудани монеаҳо ва рушди сайёҳӣ дар кишвар вазифадор намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2015 Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, Шӯро мақоми доимоамалкунандаи машваратӣ ва ҳамоҳангсоз дар соҳаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.
Шӯро барои таъмини ҳамкории байни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо ва шахсони алоҳидаи соҳаи соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, савдо, хӯроки умумӣ ва ташкилотҳое, ки новобаста аз шакли моликияташон ба пешниҳоди мол ва хизматрасонии туристӣ машғул мебошанд, таъсис дода шудааст.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






