Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории ноҳияи Панҷ
ДУШАНБЕ, 18.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории ноҳия, ки дар деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов баргузор гардид, боздид ба амал оварда, бо намунаи дастранҷи меҳнаткашони ноҳия шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ якчанд намуд маҳсулоти нониву қаннодӣ, намунаи истеҳсоли анвои ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ ва намудҳои гуногуни мева, аз қабили ангуру олу, анор, нок, себ, шафтолу ва дигар меваҳои ширин ба маъраз гузошта шуда буд. Гӯшае аз ин намоишгоҳро хушкмеваҳо зебу оро медоданд, ки аз пиставу бодом, себу зардолуи хушк, олучаву нок, гиёҳҳои кӯҳӣ, алафҳои доруворӣ ва асал иборат буд. Сарвари давлат зимни шиносоӣ аз маҳсули дастони кишоварзони ноҳияи Панҷ изҳори қаноатмандӣ карда, нақши онҳоро дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Намунаи маҳсулоти шириву гӯштӣ, тухми мурғ, шир, ҷурғот ва дигар маҳсулоти ширдор низ дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд.
Саноати хӯрокворӣ дар чанд соли охир дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ тамоюли афзоиш дошта, истеҳсоли консерва, маҳсулоти консервагӣ ва обҳои нӯшокии ташнашикан васеъ ба роҳ монда шудааст.
Аз маҳсулоти дар шакли пирамида барчида аён буд, ки имсол кишоварзони ноҳияи Панҷ дар ҳама самтҳои хоҷагидорӣ нишондиҳандаҳои назаррасро соҳиб шудаанд. Аз ҷумла, имсол дар ноҳияи Панҷ бештар аз 30 ҳазор тонна ғалла, 13 ҳазор тонна картошка, 13 640 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки ҳосилнокӣ аз 41 то 231 сентнериро ташкил медиҳад.
Имсол дар ноҳия 11 ҳазор тонна полезӣ ва 657 тонна мева истеҳсол шудааст, ки мева 42 тонна ва полезиҳо қариб 2 ҳазор тонна зиёд мебошанд.
Баъд аз тамошои намоишгоҳ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Абдулҳафиз» дидан намуда, дар ин ҷо ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз бахшиданд. Хоҷагии деҳқонии «Абдулҳафиз» дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ бо тарзи дурусти корбарӣ, истифодаи мақсадноки замин ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ аз дигар хоҷагиҳои ноҳия тафовут дорад. Тавре деҳқони ҷавон Абдулҳафиз Хоҷаев дар суҳбат бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ӯ имсол дар замини хоҷагии деҳқониаш пахта, полезӣ, картошка, сабзӣ, шалғам, мош, лӯбиё ва карам парвариш намуда, дар баробари беҳтар кардани сатҳи зиндагии оила, ҳамзамон дар фаровониву арзонии бозори истеъмолӣ саҳми арзанда мегузорад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






