Дар коргоҳи «Ангишт»-и Шӯроб истихроҷи ангишт ба беш аз 25 ҳазор тонна расидааст

Август 26, 2017 11:38

ХУҶАНД, 26.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои соҳаи ангишти  Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият намуда, баҳри саҳмгузорӣ ба рушди иқтисодиёти кишвар истихроҷи ангиштро сол ба сол зиёд менамоянд. Воқеан ҳам рушди соҳаи ангиштканӣ ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиии кишвар метавонад дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат, таъсис ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ саҳми назаррас гузорад. Дар ин замина боиси қаноатмандист, ки ангиштканони ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғд мекӯшанд истеҳсоли ангиштро сол аз сол афзун намоянд. Ҳоло дар миқёси вилоят 8 коргоҳи ангиштканӣ фаъолият дошта, яке аз конҳои калонтарин ҶСК «Ангишт»-и  ноҳияи Исфара ба ҳисоб меравад.

 Вобаста ба фаъолият ва дастовардҳои ангиштканон директори кулли Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ангишт»-и шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара Мақсудҷон Мамадҷонов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки «ангиштканони коргоҳи мазкур бо дарки масъулияти баланд мекӯшанд фаъолияти худро дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати  созандаи Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, истихроҷи зеризаминии ангишт ва нақшаҳои бар зимма гирифтаро сари вақт иҷро намоянд. Онҳо бо ин кори худ  дар таъмини некуаҳволии аҳолии кишвар саҳми назаррас мегузоранд.  Аз ин ҷост, ки ангиштканони ҶСШК «Ангишт»-и шаҳри Исфара дар давоми ҳафт моҳи соли равон беш аз 50 фоизи нақшаи имсолаи истихроҷи ангиштро, ки 50 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад,   ба андозаи 25 493 тонна иҷро карданд.   Ҳамчунин барои омода намудани ҷойҳои нави истихроҷи ангишт аз оғози соли равон аз ҷониби нақбканони коргоҳ 1533 метри тӯлонӣ корҳои роҳкушоиву нақбканӣ  ба анҷом расонида шудаанд.

SAM_5084Дар умум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 5 миллиону 699,2 ҳазор сомониро дар бар гирифта, фурӯши ангишт 26 373 тонна  ё 5 миллону 961,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ба ибораи дигар  нархи миёнаи фурӯши ангишт ба 226,0 сомонӣ баробар гардид».

Ҳамчунин ба иттилои сарвари коргоҳ Мақсудчон Мамадҷонов, роҳбарияти коргоҳ баҳри дастгирии иҷтимоии коргарони муассиса  маблағи музди меҳнатро сари вақт мепардозад. Ҳоло музди миёнаи маоши коргарони коргоҳ 1115 сомониро ташкил медиҳад.

Дар масъалаи мушкилоту норасоиҳои коргоҳ директори ҶСШК «Ангишт» иброз дошт, ки  баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва зиёд намудани истихроҷи ангишт имрӯз дар назди корхона якчанд масъалаҳои ҳалталаб низ мавҷуданд. Аз ҷумла, таъмири чоҳҳои амудӣ дар кони №8, таъмири асосии ҳавлии назди чоҳи амудӣ дар уфуқҳои +990, +878, +810, +740 метр, ҳалли мушкили зери об мондани уфуқи -740 метр, фарсуда шудани механизм ва таҷҳизоти кӯҳии зеризаминӣ, мавҷуд набудани нақлиёти релсии зеризаминӣ имрӯз  аз масъалаҳои  зарурӣ мебошанд. Ҳамзамон барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории коргоҳи мазкур-  ин дастгирии молиявӣ, яъне дотатсияи давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ба иттилои роҳбарияти коргоҳ, новобаста аз мушкилиҳои дарпешистода  коргарони ЧСШК «Ангишт» баҳри зиёд намудани истихроҷи ангишт ва ба ин васила беҳ намудани шароити корӣ  азм доранд истихроҷи ҳавзаи нави ангиштро дар тамоили шарқии ҳаводиҳии кони №8 оғоз намуда, ҳамчунин ҳавзаи нави истихроҷи ангишти №6 дар кони №8 ва ҳавзаи нави истихроҷи ангишт дар кони ½-ро низ барои истихроҷ тайёр намуда,  яке аз санаҳои бузурги миллат – 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.

 SAM_5037

Бояд ёдовар шуд, ки кони ангишти Шӯроб тибқи санадҳои таърихӣ ҳанӯз аз давраи Сомониён вуҷуд дошта, он расман соли 1874 мавриди истифода қарор гирифтааст. Дертар асоси кони мазкурро конҳои ангишти  №8, ки соли 1931 расман кушода шуд,  ва кони №½, ки бо сохторҳои иловагиаш охирҳои солҳои 50-уми асри гузашта, дар натиҷаи муттаҳидсозии конҳои №№ 1/3, 2, 1/5 ба вуҷуд омадааст, ташкил доданд.  Сипас, баъд аз бисту панҷ соли ба истифодадиҳии он дар ин мавзеъ шаҳраки аҳолинишини овозадори   Шӯроб арзи ҳастӣ кардааст.

Дар тӯли фаъолияти зиёда аз садсола дар кони номбурда намояндагони беш аз 30 халқияту миллати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  фаъолият бурда, дар рушди ин соҳа ҳиссаи хешро гузоштаанд.

Шурӯъ  аз соли 1997 истихроҷи ангишт аз ҷуқурии 500-600 метр   аз нав ба роҳ монда шуда, фаъолияти пурсамари коргоҳ аз соли 2005 инҷониб давом дорад.

 

                                                                          Абдуаҳад  ДАДОБОЕВ,

                                              хабарнигори  «Ховар» дар вилояти Суғд

Август 26, 2017 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Хонандагони ноҳияи Ҳамадонӣ барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Хатлон омодагӣ мебинанд
Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид