Дар шаҳри Хоруғ семинари муштараки олимони тоҷику германӣ баргузор шуд

Август 7, 2017 16:00

ХОРУҒ, 07.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар  Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ семинари муштараки илмию амалии олимони ин муассисаи илмӣ бо гурӯҳи олимон ва пажӯҳишгарони Университети Людвиг Максимилиани шаҳри Мюнхени Ҷумҳурии Федеративии Германия баргузор шуд.

Семинарро, ки «Ҷавомеъи манотиқи кӯҳӣ: проблемаҳо ва дурнамои зиндагӣ дар манотиқи кӯҳии Осиё» ном дошт, директори Институти илмҳои гуманитарии АИ Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ш.Юсуфбеков ифтитоҳ бахшид. Дар ин бора аз котиботи илмии Пажӯҳишгоҳи мазкур ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд.

Олимони тоҷику германӣ- профессорон Ш.Юсуфбеков, М .Аламшоев, М.Сакер, номзадҳои илм Т.Қаландаров, Ш.Некушоева, А.Шоҳинбеков, К.Маертенс, А.Риппа, А.Сараф, К.Аламшоев, Н.Қурбонхонова, пажӯҳишгарон Д.Қозиев, Ш.Азорабекова  дар бораи таърих, забон, фарҳанги халқӣ, ҳунарҳои мардумӣ, фалсафаи ҳаёти кӯҳистониён рӯнамоӣ ва маърӯзаҳои ҷолиби илмӣ карданд. Қарор аст суханрониҳои олимон дар шакли маҷмӯаҳои илмӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва олмонӣ мунташир шаванд.

Семинари илмию амалии олимони тоҷику олмонӣ дар чаҳорчӯби шартномаи ҳамкорӣ бо Институти антропологияи иҷтимоӣ ва фарҳангии Донишгоҳи Людвиг Максимилиани шаҳри Мюнхени Ҷумҳурии Германия дар чаҳорчӯби барномаи «Осиёи баландкӯҳ дар ҷаҳон: дурафтодагӣ ва имконоти пайваст» ва таҳти сарпарастии молии Шӯрои тадқиқотии Аврупо сурат гирифт.

Бино ба гуфтаи роҳбари гурӯҳи олимони Германия доктор Мартин Сакер, барнома то соли 2020 идома карда, дар назар дошта шудааст, ки ҳамкории самараноки илмӣ бо олимони АИ ҶТ дар анҷом додани пажӯҳишҳои гуногун дар соҳаи иҷтимоиёт ва фарҳанг идома меёбанд.

Август 7, 2017 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад