«Дурахшон бод хуршеди истиқлолият!» — шарҳи матбуот

Август 24, 2017 14:39

ДУШАНБЕ, 24.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Пос доштани арзишҳои миллӣ ва решаҳои таърихии он яке аз муҳимтарин тадбирҳое ба шумор меравад, ки давлатҳои соҳибистиқлол ба ин васила метавонанд худро аз пайомадҳои номатлуб ва таҳдиду хатарҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла таҳмили унсурҳои фарҳангу мазҳаби бегона ҳифз кунанд» — бо ҳамин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рубрикаи «Сухани рӯз»-и  шумораи навбатии  рӯзномаи «Ҷумҳурият» (21.08.2017,№176) пешкаши хонандагон шудааст. Мақолаи Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон  таҳти  сарлавҳаи «Танзим. Такмили қонун тақозои замон аст» дар бораи зарурати таърихӣ ва заминаҳои воқеии такмил додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақл мекунад. «Тағйир ёфтани фазои иттилоотӣ, ҷойгоҳ пайдо кардани хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, нуфузи рӯҳониёни муҳофизакор дар умури иҷтимоӣ ва маросимҳои мазҳабӣ, бетафовутӣ ва саҳлангории баъзе ниҳодҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ ба сарнавишти арзишҳои миллӣ давлат ва Ҳукуматро водошт, ки дар ин самт тадбирҳои судманд андешанд»,-навиштааст муаллиф ва бо ин суханон мулоҳизаҳои худро ҷамъбаст кардааст: «Риояи бечунучарои меъёрҳои ин санади миллӣ бурди ҷомеа, давлат ва Ҳукумат мебошад».

Дар ҳамин шумораи нашрия мақолаи профессор Иброҳим Усмонов бо сарлавҳаи «Шинохти ҳақиқат ё харобкориҳои пасипардагиро кӣ созмон медиҳад?» чоп шудааст. Муаллиф андешаҳои худро дар ҳошияи гузориши телевизионии Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ҷиноятҳои мудҳиши террористие, ки собиқ муовини вазири мудофиа А.Назарзода ва ҳаммаслакони ӯ аз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ бо пуштибонии хоҷагони  хориҷиашон дар Тоҷикистон содир кардаанд, баён карда, чунин навиштааст: «Дар давраи музокироти сулҳи тоҷикон, ки аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 давом кард, ҳеҷ вақт дар мавриди мавқеи дини мубини Ислом дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳс, талош, созишнома ё ҳуҷҷате мавҷуд набуд. Яъне ҳеҷ ҷониб андеша надошт, ки дар Тоҷикистон ба риояи оини динӣ монеа эҷод мешавад. Вале роҳбарияти ҲНИТ пинҳонию дар баъзе ҳолатҳо ошкоро даст ба кирдорҳои ношоиста, аз ҷумла амалҳои террористӣ мезаданд. Ниҳоят Суди Олии Тоҷикистон ба терроризми байналмилалӣ робита доштани ҳайати роҳбарии ҳизбро собит сохта, фаъолияти онро дар Тоҷикистон қатъ гардонд. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон роҳи худро дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намудааст. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат намегузоранд, ки гурӯҳҳои тахрибкор бо истифода аз арзишҳои динӣ ва расидан ба мақсадҳои носолими худ ба рӯзгори осоиштаи мардум халал ворид созанд».

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (23.08.2017,№178-179) мақолаҳои «Об ва пешсафии Тоҷикистон дар масоили вобаста ба он», «Нобиғагони миллатсоз», «Хурофот. Иҷрои қонун онро аз байн мебарад», «Кӯлоб. Корхонаҳои дӯзандагӣ ба дастгирӣ ниёз доранд», «Мафкураи зиддитеррористӣ ва нақши он дар мубориза бо ифротгароӣ», инчунин хабарҳо дар бораи мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Оиз Муҳаммад Оли Рабиъ — доктори Маркази тадқиқот ва робитаҳои маърифатӣ доир ба Осиёи Марказӣ, мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ бо котиби генералии  Вазорати корҳои хориҷии Малайзия Датук Рамлан, қадами устувори дастаи футболи «Истиқлол» барои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, баргузории мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд. Мақолаи таҳлилии «Бешаи палангон: имкониятҳо зиёданд, фоида чӣ?» аз фаъолияти мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон»,  захираву имкониятҳои то ба охир истифоданашудаи он, мушкилоти ин мамнӯъгоҳ, аз ҷумла маблағҳои ками ба рушди соҳа ҷудогардида нақл мекунад.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (22.08.2017,№100) Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи 28 августи соли 2017 даъват кардани Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум чоп кардааст. Нашрия ҳамчунин иттилоия нашр кардааст, ки дар Иҷлосияи дувоздаҳум даъвати панҷуми Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешбинӣ гардидааст. Дар саҳифаи дигари нашрия мақолаи омӯзгор З.Саъдуллоева «Некиву бадӣ пеши Худо нест фаромӯш…» ва мусоҳибаи хабарнигори нашрия бо шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ бо сарлавҳаи «Гул ба ҳар ранг хуш аст» дарҷ гардидаанд. Дар маводи омӯзгор З.Саъдуллоева куштори шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон аз тарафи террористони байналмилалӣ маҳкум шуда, маводи дуюм аз таассуроти шоир Н.Ниёзӣ аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоати кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва маросимҳои миллӣ» нақл мекунад.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи назм шеърҳои Шаҳрия («Ду ёсамин», «Обшори ишқ», «Гавҳари шаҳвор», «Донаи ашк», «Ибтидои муҳаббат»), дар саҳифаи наср ҳикояи Абдулвосеъ Сангинов «Қасос ва марги уқоб», дар саҳифаи тақриз мақолаи Нуралӣ Нурзод «Падидаи тозае дар матншиносии осори адабӣ», инчунин ба муносибати 90-солагии нависандаи маъруф Мутеулло Наҷмиддинов хотираҳои Ҳабибулло Имодиро бо сарлавҳаи «Ёде аз Устод» нашр кардааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» сафари кории Сарвари давлатро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки ҳафтаи гузашта сурат гирифта буд, ба таври муфассал инъикос кардааст. «Дурахшон бод хуршеди истиқлолият» — бо ҳамин сарлавҳа нашрия мақолаи публитсистии муаллифон Раҷабалӣ Қудратов ва Саидмурод Фаттоҳзодаро пешкаши хонандагон кардааст. Муаллифон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, қаҳрамониҳои Пешвои миллат баҳри расидан ба сулҳу ваҳдат ва тинҷиву осоиштагӣ то ташаббусҳои наҷибонаву инсонпарваронаи Президенти мамлакат ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва боло бурдани мартабаву эътибори давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ бо далелу рақамҳои таърихӣ ёдоварӣ кардаанд. Дар мақола, аз ҷумла чунин навишта шудааст: «Тоҷикистон дар ҷаҳон ягона кишварест, ки беш аз як миллион фирориёни иҷбории худро сарҷамъона ба ватан баргардонд. Ин як падидаи басо нодирест. Ҳол он ки миллионҳо нафар шаҳрвандони кишварҳои мухталиф дар ақсои олам паҳну парешонанд ва ҳеҷ як давлате дар суроғи онҳо нест».   

 

Август 24, 2017 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд