Кумитаи рушди сайёҳӣ бо ҷалби роҳбарони ширкатҳои туристӣ хатсайрҳои нав ба роҳ мемонад

Август 14, 2017 12:00

ДУШАНБЕ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 августи соли равон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саёҳати роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва рӯзноманигорон бо мақсади шиносоӣ ва таҳияи хатсайрҳои нави туристӣ аз мавзеъҳои сайёҳии минтақаҳои Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин сафар иттилоъ дод, гурӯҳи мазкур тибқи хатсайри таҳияшуда аз мавзеъҳои оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, шаршараи Сари Хосор, мазори Лангари Шоҳи дараи Булғурӣ, оромгоҳи Шоҳ Неъматуллои Валӣ ва осорхонаи марказии ноҳияи Балҷувон дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи саёҳат аз ба ҳам овардани ширкатҳои сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон иборат буд. Он ҳамчунин барои таҳияи хатсайрҳои сайёҳии нав, қонеъ намудани эҳтиёҷоти зарурии сайёҳони дохилию хориҷӣ, мавҷудияти инфрасохтори рушдёфта, аз қабили шабакаи роҳҳо, меҳмонхонаҳо, пойгоҳҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, иншооти фароғатӣ, мусофиркашонии байналмилалӣ ва нақлиёти дохилӣ, хизматрасонии замонавии алоқа ва бонкӣ таъсири муҳим мерасонад.

Август 14, 2017 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад