Масоили рушди соҳаи сайёҳӣ дар мулоқот бо ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон ва Намояндаи доимии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба дастгирии рушди соҳаи сайёҳӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳо дар ин самт, мулоқотҳои Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта ва Намояндаи доимии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Хидеки Танабе доир гардиданд.
Зимни мулоқотҳо масъалаҳои тақвияти неруи касбии кормандони соҳаи сайёҳӣ, ташкили омўзишҳои соҳавӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, сохтмони инфрасохтори сайёҳӣ ва ҷалби сармоя дар ин самт, муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, таҳияи хатсайрҳои нав ва муаррифии онҳо, ташкили чорабиниҳо ва намоишгоҳҳои сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои рушди соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дар самтҳои қайдгардида ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ба тақвияти рушди соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ва муаррифии шоистаи он дар дохил ва хориҷи мамлакат бо истифода аз имтиёзҳо ва шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






