Нақши низоми иттилоотии географӣ-технологӣ дар илм барои рушди устувор дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 29.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии «Низоми иттилоотии географӣ-технологӣ дар Осиёи Марказӣ-2017» баргузор гардид. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории он хабар дод, конференсия бо ташаббуси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд. Дар кори он намояндагон, олимон ва мутахассисони зиёда аз 10 мамолики дунё, аз ҷумла, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Австрия, Швейтсария ва Германия иштирок доранд.
Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайналобудин Кобулиев ҳадафи конференсияи сатҳи байналмилалиро баррасии масъалаҳо вобаста ба Низоми иттилоотии географӣ-технологӣ, ки дар айни ҳол масъалаи мубрами рӯз ба ҳисоб меравад, арзёбӣ кард. «Масъалаҳои мубрами ин самти кор, хусусан масъалаи баҳисобгирӣ, ба низом даровардан ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мебошад. Пешниҳоди асосие, ки дар конференсия сурат гирифт, оид ба истифодаи пурраи технологияҳо вобаста ба низоми иттилоотии географӣ-технологӣ буд. Масъалаҳои асосие, ки оид ба ин мавзӯъ дар конференсия баррасӣ мешаванд ва он пешниҳодҳое, ки аз ҷониби ҳозирин карда мешаванд, амалӣ гардонидани онҳо вазифаи асосии олимон ва мутахассисони тоҷик ба шумор меравад», — зикр намуд ӯ.
Зайналобудин Кобулиев яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки роҳандозии низоми иттилоотии географӣ-технологиро дар нигаҳдории пиряхҳои кишвар медонад, зеро ба гуфтаи ӯ, барои нигоҳ доштани пиряхҳо ба онҳо маълумоти дақиқ ва санҷидашуда бисёр ҳам зарур аст. «Мо метавонем ба воситаи Низоми иттилоотии географӣ-технологӣ ба иҷрои ҳадафҳои асосии дар пеши худ гузошташуда ноил гардем»,-афзуд ӯ.
Дар конференсия ба ғайр аз истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, инчунин диққати асосӣ ба омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба дар ин соҳа равона карда шуд. Зеро ба гуфтаи масъулин, дар ин соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони соҳибтаҷриба каманд.
Зикр шуд, ки низоми илмии иттилоотӣ-географӣ имкон медиҳад, ки дар сатҳи ҷадвал ва дар шакли мушаххас ба ҷомеаи ҷаҳонӣ далелҳои гуногун пешниҳод намуда, дар иртибот бо онҳо самтҳои гузариш ба рушди устувор, муаммоҳои экологӣ ва дигар самтҳо дар алоқа бо далелҳои мушаххас мавриди арзёбӣ қарор дода шаванд.
Бояд гуфт, ки баргузории конфронси байналмилалии «Низоми иттилоотии географӣ-технологӣ дар Осиёи Марказӣ-2017» сеюмин конференсия оид ба ин масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки имрӯз бо ташаббуси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳо то бегоҳ идома меёбад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






