Оғози фаъолияти Маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо дар маркази ноҳияи Вахш
ДУШАНБЕ, 16.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар кӯчаи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо расман оғоз бахшиданд. Пешвои миллат бо шароити фароҳамовардашуда дар марказ ошно шуда, бо масъулину ҳунаромӯзон суҳбат карданд.
Маркази мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зоҳир Давлатов дар зарфи як соли охир бунёд ёфта, дорои шароити арзанда барои ҳунаромӯзиву истеҳсоли атласу адрас аст. Тибқи иттилои масъулин, феълан 25 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ дар ин коргоҳ соҳиби ҷои кор гардида, ҳамзамон гурӯҳи дигари ҷавонон ба омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ ҷалб гардидаанд. Тибқи нақша, дар баробари истеҳсолот ҳамчунин ҳар се моҳ гурўҳи хоҳишмандон аз ҳисоби занону духтарони бекор дар ин марказ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, дар ошёнаи дуюми коргоҳ фурўши маҳсулоти ин марказ ва қолинҳои гуногунҳаҷм ба роҳ монда шудааст, ки бо истифода аз ин имконот шаҳрвандони ноҳия метавонанд маҳсулоти хушсифати истеҳсолгарони ватаниро харидорӣ намоянд.
Гуфта шуд, ки ҷиҳати сохтмон ва муҷаҳҳазсозии Маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, он бо шароити муосири кориву касбомӯзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкори мазкур дар шафати Маркази таълимӣ — истеҳсолӣ бо харҷи 1 миллиону 890 ҳазор сомонӣ Маркази савдо мавриди истифода қарор дода шуд. Ин марказ бо таҷҳизот ва рафҳои муосири савдо муҷаҳҳаз буда, анвои гуногуни маводи озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро ба шаҳрвандону меҳмонони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо нархҳои дастрас пешниҳод менамояд.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат чунин иқдомҳои ободкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату қобили дастгирӣ хонданд. Ҳамзамон ҳайати омӯзгорони марказро вазифадор карданд, ки тамоми маҳорати худро ба харҷ диҳанд, то занону духтарони бешуғли ноҳия тавонанд ба пуррагӣ аз нозукиҳои касби атласу адрасбофӣ бохабар гарданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






