ОБИ ДАРИ ХОНА: Чаро мебояд дар навбати аввал маҳсулоти истеҳсоли ватаниро харидорӣ намуд?!

Август 14, 2017 15:04

ДУШАНБЕ, 14.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имсол корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон барои таъмин намудани хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бо либоси ягонаи мактабӣ омодагии ҷиддӣ дида, то имрӯз 1 миллиону 7 ҳазор адад либоси  мактабӣ истеҳсол намудаанд. Дар ин замина дар арафаи соли нави таҳсил мухбири АМИТ «Ховар» аз ду корхонаи дӯзандагии пойтахт  дидан намуда, бо сифат, тарзи дӯхт  ва арзиши либосҳои  ватанӣ барои  хонандагони мактабҳои миёна ошно гардид.

Аз мушоҳидаҳо дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» маълум гардид, ки волидайни хонандагони мактабҳои миёнаи кишвар имсол бештар либоси мактабии истеҳсоли ватаниро харидорӣ менамоянд. Ба иттилои онҳо, имсол сифату дӯхти либосҳои истеҳсоли ватанӣ аз солҳои гузашта беҳтар буда, нархи онҳо назар ба нархи бозор арзонтар аст. Харидорони либоси ватанӣ изҳори умед карданд, ки минбаъд молҳои ватаниро интихоб мекунанду аз харидани молҳои пастсифати хориҷӣ  даст мекашанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар корхонаи дӯзандагии мазкур хабар доданд, имсол қариб ҳамаи мактабҳои шаҳр барои  дӯхтани либоси мактабӣ ба корхонаи «Нассоҷии тоҷик» муроҷиат намуда, бо онҳо шартнома бастанд.  «Имсол  барои хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ  зиёда аз 30 навъи либоси мактабӣ  истеҳсол  намудем. Нархи либосҳо вобаста ба матоъ, модел ва навъашон аз ҳам фарқ мекунад. Бо вуҷуди ин, қиматашон нисбат ба либосҳои мактабие, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, арзонтар аст. Айни ҳол, дар ин ҷо барои дӯхтани либосҳои гуногун таҷҳизоти беҳтарини ҳозиразамон  истифода карда  мешаванд, ки тавассути онҳо ба роҳ мондани иҷрои ҳар гуна амалиёти дӯзандагӣ ба таври автоматикӣ ё нимавтоматикӣ имконпазир гаштааст. Ҳамаи матоъҳои харида пеш аз истифода дар озмоишгоҳи корхона аз ташхис гузаронида мешаванд.  Матоъҳо бояд ба иқлими мо мутобиқ бошанд ва ба саломатии  истифодабарандагон зарар нарасонанд», -афзуд мусоҳиб.

Агар солҳои пеш либоси дӯхтаи корхонаҳои нассоҷии кишварро барои дастгирии молҳои ватанӣ харидорӣ мекарданд,  имрӯз либоси мазкур ҳам аз ҷиҳати сифати матоъ, ҳам нарх ва дӯхт харидоронро қонеъ гардонидааст. Ба андешаи сокини пойтахт  Дилором Маҷидова,  имсол корхонаи дӯзандагии «Нассоҷии тоҷик» навъҳои гуногуни либосҳои мактабӣ пешниҳод намудааст. Махсусан барои писарбачаҳо шиму костюм бо сифати хеле баланд дӯхта шуда, нархаш ҳам он қадар гарон нест. «Ҳамин гуна шиму костюмҳои босифати воридотиро аз бозорҳо низ дастрас кардан мумкин аст, аммо бо нархи хеле гарон», — зикр намуд ӯ.

«Шахсан ман аз иқдоми таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабии ватанӣ истиқбол менамоям, зеро ба ин восита корхонаҳои ватанӣ сармоя ба даст меоранд ва мо маблағҳоямонро сарфа мекунем», -илова намуд Дилором.

Бархе аз шаҳрвандон либосҳои мактабии истеҳсоли  ИИ «Нассоҷии тоҷик»-ро барои писарон хуб арзёбӣ карданд, аммо барои духтарон аз ҷиҳати интихоб каме номувофиқ шумориданд. Аз гуфтаҳои як модар бармеояд, ки  моделҳои либоси мактабӣ барои духтарон ба таври васеъ ба роҳ монда нашудаанд. Масалан, шиму костюм барои писарон аз чанд навъи матоъ дӯхта шуда, имконият медиҳад, ки вобаста ба сифат ва нарх харидор мувофиқашро интихоб намояд, аммо барои духтарон имсол имконияти интихоби васеъ пешбинӣ нашудааст.

Ба иттилои сокини дигари пойтахт Мавҷигул Саидова, корҳои ташвиқотӣ дар ин самт ҳоло ҳам хуб ба роҳ монда нашудаанд. Аз ҳамин сабаб падару модарон маҳсулоти аз  хориҷа воридшударо харидорӣ мекунанд. Бархеҳо андеша доранд, ки либосҳои истеҳсолнамудаи  корхонаҳои ватанӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Ҳол он ки имрӯз мо худ шоҳид гаштем, ки молҳои ватанӣ низ сифати хуб дошта, бо либосҳои хориҷӣ рақобат карда метавонанд.  Як мақоли тоҷикӣ ҳаст: «Оби дари хона қадр надорад». Вале ба қадри оби дари хона бояд худамон расем, онро бояд ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ кунем, тавре хориҷиҳо молу маҳсулоташонро реклама мекунанд. Агар мо худамон ба қадри молу маҳсулоти худамон нарсем, обрӯю нуфузи онро набардорем, каси дигар ин корро намекунад.

Бино ба гуфтаи масъулини корхонаи нассоҷӣ, онҳо доимо кӯшиш мекунанд, ки нархи маҳсулоташон  нисбат ба бозор арзонтар бошад.  Дар ин корхона  шиму костюми писарона аз 140  то 270 сомонӣ, як  куртаи духтарона 25-27 сомонӣ, доманӣ ё костюмчаи духтарона то 50 сомонӣ нархгузорӣ шуда,  дар ҷуфт он аз 130 то 270 сомонӣ мебошад.           Харидани либосҳои ватанӣ маҷбурӣ набуда, танҳо тавсия ва пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

«Дар айни замон бисёр корхонаҳои ватанӣ маҳсулоти босифат истеҳсол менамоянд ва солҳои наздик  имкон дорем мардумро бо маҳсулоти ватанӣ пурра таъмин кунем, ки ин ба нафъи иқтисодиёти кишвар  хоҳад буд», — зикр намуд мусоҳиб.

0DSC_1543 +ҶСК «Гулистони Душанбе» низ дар таъмин намудани мактаббачагон бо либоси ватанӣ саҳми сазовор дорад. Бино ба иттилои корманди ин коргоҳ Донагул Холова, иқтидори солонаи истеҳсоли маҳсулот дар  корхона 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Намунаи имсолаи либосҳои мактабии истеҳсоли «Гулистони Душанбе» дар мағозаҳои корхона ба фурӯш гузошта шуда, ҳамарӯза то сад нафар харидорон либосҳои  мактабиро аз ин ҷо дастрас мекунанд. Либосҳои пешниҳоднамудаи «Гулистони Душанбе»  писанди харидорон  буда, куртаҳо аз матои пахтагӣ, доману шиму костюм аз матои омехта дӯхта шудаанд. Ҳамаи матоъҳо ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ буда, ба саломатии  истеъмолкунандагон зарар намерасонанд. Корхонаи мазкур имсол  барои ҳазорҳо нафар хонандагон ҷиҳати истеҳсоли либоси мактабӣ фармоишҳо қабул намуд ва айни ҳол дӯзандаҳои он ба дӯхтани 800 дона либоси ягона барои Коллеҷи тиббӣ машғуланд.  Шаҳрванд  Суннат Ҷамолов  аз нархи муқарраршудаи либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ норозӣ буда, мегӯяд, ки шиму костюмашро бо нархи 265 сомонӣ харидааст. Ба андешаи ӯ, ин нарх гарон аст ва моле, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, бояд қимати аз ин ҳам камтар дошта бошад.

Донагул Холова вобаста ба нархгузории  либосҳои мактабӣ иттилоъ дод, ки нархи муқарраркардаи онҳо дар асоси сарфаи қувваи барқ, матоъ, ришта, пардохти маблағи андоз, таҷҳизоти мошинаи дӯзандагӣ  ва  маоши  кормандон   мувофиқа  шуда, худсарона  муайян нашудааст. «Мо ба сифати либосҳои мактабии истеҳсоли корхонаамон  кафолат медиҳем. Дар  тӯли чанд соле, ки мо ба дӯхтани либосҳои мактабӣ машғулем, аз ҷониби  фармоишгарон  ягон шикоят  нашудааст».

Аз пешниҳоду андешаҳои харидорони либосҳои мактабии истеҳсоли  ватанӣ ва хориҷӣ мухбири АМИТ «Ховар» хулоса намуд, ки либосҳои  мактабии истеҳсоли ватанӣ сифати хуб доранд ва нархи ин либосҳо бо сифати  онҳо мувофиқат мекунад. Дар муқоиса бо либосҳои хориҷӣ, махсусан моли истеҳсоли Туркия либосҳои ватанӣ низ ҳоло сифати хуб доранд, вале нархи либоси хориҷӣ гаронтар буда, на ҳама шаҳрвандон имконияти харидории онро доранд.

Харидорони маҳсулоти ватанӣ пешниҳод намуданд, ки бояд нуқтаҳои  фурӯши либосҳо  бо навъҳои гуногун ва нархи дастрас дар  шаҳри Душанбе  бештар шаванд. Ин метавонад барои интихоби васеъ ва озодона имконият фароҳам оварад.

Бояд зикр кард, ки истеҳсоли васеи либосҳои мактабӣ имрӯз яке аз бахшҳои муҳими саноати дӯзандагӣ ба ҳисоб рафта, рушди минбаъдаи он метавонад барои таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва дар ин замина, барои ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ таъсири мусбат расонад.

 

Август 14, 2017 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Онлайн-қарзҳо, такси, доруворӣ аз рӯи дорухат: Super App-и маъруф боз ҳам муносибтар шуд