«Ранги сафед ранги рӯз аст…» — шарҳи матбуот

Август 3, 2017 14:23

ДУШАНБЕ, 3.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (31.07.2017, №160) дар рубрикаи «Сухани рӯз» гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба қадршиносии фарҳанги миллӣ дарҷ кардааст: «Фарҳанги миллӣ ба сифати пояи устувори маънавиёт ва таҳкими аркони давлатдорӣ арзиши ниҳоят бузург дошта, ҳифзи он ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин ганҷинаи маънавии халқи азизамон вазифаи давлат ва тамоми шаҳрвандони кишварамон ба шумор меравад».

Дар ҳошияи мавзӯи гиромидошти фарҳанги миллӣ нашрия бо сарлавҳаи «Ду омили хатарзо: бегонапарастӣ ва тақлид» андешаҳои Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро пешниҳоди хонандагон кардааст. «Риояи эътидол дар ҳар амал лозим аст. Пӯшидани либоси ниҳояту дарозу рангаш сиёҳи бонувон, воқеан, хоси фарҳанги мо, тоҷикон нест. Ҳатто дар маъракаҳои азову мотам аз қадимулайём дар тинати фарҳанги мо буд, ки занон сару либоси рангаш кабуд ба бар мекарданд, яъне ранги кабуд ҳамчун нишона аз азодорӣ фаҳму дарк мешуд. Сиёҳпӯшӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба фарҳанги тоҷикӣ хос набуд ва нест. Ҳатто аз лиҳози ҷуғрофӣ низ ранги сиёҳи либос мутобиқи обу ҳавои Тоҷикистон нест», — зикр кардааст С.Абдуқодирзода. Дар идомаи андешаҳои худ раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон изҳор кардааст: «Дар фарҳангу таомули аҷдодии тоҷикон асосан ду ранг – сафеду сабз ҷойгоҳи хоса дошт ва мардону занон ҳангоми либоспӯшӣ аз ин ду ранг истифода мекарданд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ, муфассири Қуръон ва донишманди маъруф, дар асари безаволи худ «Футувватномаи султонӣ» моҳияти ин рангҳоро чунин шарҳ додааст: «Ранги сафед ранги рӯз аст ва аз он ҷамоатест, ки дилашон равшан ва синаашон аз кудурратҳо соф бошад. Ранги сафед, яъне ранги субҳи содиқ ва равшанибахш. Ранги сабз – ранги сабза ва об, олиҳимматӣ ва зиндадилӣ, монанди об ҳаётбахшу дилпазир». Дар хотима С.Абдуқодирзода чунин гуфтааст: «Бегонапарастиву тақлид хилофи ҳама гуна тамаддуну маънавият буда, дар ягон давру замоне намояндаи ин ё он миллатро муҳтарам накардааст. Баръакс пос доштани ҳар як унсури фарҳанги миллӣ на фақат асосҳои маданияти миллиро устувор мекунад, балки барои ба наслҳои баъдина интиқол додани онҳо кумак мерасонад, ки ин хоси инсонҳои соҳибмаърифат аст».

Зимнан, эҳтиром, риоя ва нигаҳдошти фарҳанги миллӣ дар шароити авҷ гирифтани мухолифати тамаддунҳо ва замони ҷаҳонишавии босуръат ба мавзӯи муҳими рӯз мубаддал гашта, кишварҳои зиёдеро ба ташвиш овардааст. Ҳамин аст, ки дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (2.08.2017,№162) бо сарлавҳаи «Фарҳанги либоспӯшӣ, риояи арзишҳои миллӣ фазои маънавиро таҳким мебахшад» мақолаи муҳим нашр шудааст. Дар мақолаи мазкур андешаи Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст: «Ҳангоми густариши оини муҳаммадӣ қаламрави давлати Сомониён ягона воҳиди ҷуғрофие буд, ки исломро пазируфт, вале арабиятро рад кард».

Нашрия дар баробари мақолаҳои таҳлилӣ ва танқидӣ ҳамчунин  хабару гузоришҳоро аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оид ба натиҷаҳои шашмоҳаи аввали соли равон  пешкаши хонандагон кардааст.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (29.07.2017,№91) гузориши муфассал аз сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Балҷувон ва матни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Балҷувон нашр кардааст. Зимни суханронии худ Пешвои миллат зикр карданд: «Ноҳияи Балҷувон яке аз гӯшаҳои дар ҳақиқат зебову биҳиштосо ва мавзеи хеле қадимаи Тоҷикистони азизамон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи андешаи муҳаққиқону донишмандон Балҷувон шакли тағйирхурдаи калимаи Балхиён буда, бозёфтҳои таърихии аз ҳудуди ноҳия бадастомада шаҳодат медиҳанд, ки дар ин сарзамин ҳанӯз дар давраи асри санг одамон зиндагӣ мекардаанд».

Нашрияи Вазорати маориф ва илм- ҳафтаномаи «Омӯзгор» мақолаҳои  «Маърифати баланди либоспӯшӣ – арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ», «Таҷдиди назар ба курсҳои такмили ихтисос», «Об – муъҷизаи нодир», «Методи суҳбат дар дарси забони тоҷикӣ» ва дигар хабару гузоришҳои матбуотиро аз ҳаёти мактабҳои миёна ва олии касбӣ чоп кардааст. Назрӣ Асадзода, муаллифи мақолаи таҳлилии нашрия бо сарлавҳаи «Дасисакориро ватандорӣ нахонед» навиштааст: «Фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ усулан бо моҳияти дини ислом ихтилоф дорад. Ҳамзамон бояд ҳамеша дар мадди назар дошт, ки ин ҳизб аз эътиқоду ҳассосияти мардум суиистифода карда, ҳамчун азҳоби диниву гурӯҳҳои тундрави мазҳабии кишварҳои арабӣ зери нуфузи хадамоти махсус ва доираҳои динии мутаассиби хориҷӣ қарор дорад ва мехоҳад ба коми ин ҳомиёни манфиатҷӯи худ вазъи ҷомеаи моро ноором кунад, чунонки ин гуна вазъиятро дар солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар ба вуҷуд оварда, боиси ҷанги шаҳрвандӣ ва тахриби Ватану мусибати садҳо ҳазор ҳамватанони мо гардида буд». Мавриди зикр аст, ки чанд рӯз қабл низ як рӯзномаи байналмилалии Туркия бо номи «Босфор» нисбат ба ҲНИТ бо сарлавҳаи «ҲНИТ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардид» мақола чоп карда буд, ки дар он маводи матбуотӣ моҳият ва кирдорҳои террористӣ доштани ин созмон пурра бо далелу рақамҳо исбот карда шудааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон- «Минбари халқ» дар шумораи навбатӣ гузориши хабарнигори нашрияро аз мавзеи сайёҳии вилояти Хатлон бо сарлавҳаи «Сарихосор ва табиати нотакрор», мақолаи таҳлилии ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо сарлавҳаи «Ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорем», навиштаи хабарнигори нашрия Солеҳ Юсуфро бо сарлавҳаи «Москва посух дод, Вашингтон боз чӣ тасмим мегирад» дарҷ кардааст, ки аз тарафи хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Август 3, 2017 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд
Дар Суғд саҳми шуроҳои ҷамъиятиро дар амалишавии ислоҳоти милитсия баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо фаъолзанони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд
23 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
20 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июл, сешанбе, 198-умин рӯзи соли 2024 аст
Вазорати нақлиёт дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 5 миллион бех ниҳол мешинонад
Ширкати «China Datang» дар вилояти Суғд неругоҳи офтобӣ бо қувваи 500 мегават месозад
Роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол бунёд мегардад