«Рушди механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-машварати омӯзишӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва дарёфту амалӣ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ имрӯз дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» дар мавзӯи «Рушди механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ» машварати омӯзишӣ баргузор шуд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар семинар зиёда аз 100 нафар иштирокчиён, аз қабили намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Мақсади машварат ба роҳ мондани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва дарёфту амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ ва бунёди инфрасохтор мебошад.
Дар машварат тарзи истифода аз механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» аз ҷониби директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» Исфандиёр Усмонзода муаррифӣ шуд.
Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ- ин қисман ё пурра вогузор намудани уҳдадориҳои давлат ба бахши хусусӣ буда, давлат ба ин васила метавонад сармояи бахши хусусиро барои амалишавии ҳадафҳо ҷалб намояд.
Лоиҳаи мазкурро дар шаҳри Душанбе мутахассисони ширкати «IBA Group»- Ҷумҳурии Беларус тарҳрезӣ намуда, корҳои насбу танзими таҷҳизот ва таҳияи кортҳои электронӣ дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода мешаванд.
Зикр гардид, ки дар шаҳри Душанбе тариқи ин механизм аллакай ду лоиҳа амалӣ шуда истодаанд: яке дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ- лоиҳаи «Таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133 ш. Душанбе» ва дигаре дар самти тандурустӣ- лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ». Ин лоиҳаҳо барои истифодаи муваққатӣ тавассути Созишнома ба бахши хусусӣ вогузор карда шудаанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






