ТАБИБИ МАН – ҲАБИБИ МАН! 18 август-иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 18, 2017 12:55

  “Саломатии мардум боигари асосии давлат мебошад”.
Эмомали Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 ДУШАНБЕ, 18.08.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар ҳама давру замон солимии ҷомеа  солимии миллат, давлату минтақа ва дар умум сайёра дониста мешуд. Ҳамин аст, ки бо муборизаи табиат бар зидди сиҳатии инсонҳо ва пай дар пай пайдо шудани бемориву маризиҳои мухталифи сироятӣ имрӯз бо қудрату тавоноӣ ва идроки ҳамидаи инсоният дилхоҳ маризӣ миёни  башарият решакан карда мешавад. Албатта, ба ғайр аз чанд беморие, ки то ба ҳол роҳи табобати онҳо барои олимони соҳа ҳамчун муаммо боқӣ мондааст, чун ВМНО ва саратон. Аммо бо дастовардҳои нав ба нави соҳавӣ, аз қабили ихтироъ гардидани дастгоҳҳои муосир, дору ва малҳамҳои шифодиҳанда умед аст, ки замоне роҳҳои табобати ин гуна бемориҳои бедаво низ пайдо мешаванд.

0-02-05-20176afc6da5c59ee0594a081c755b124c41a366d5823d8094f983a2aae8c74c_fullДар пешрафти илми тиб ва дастовардҳои соҳа набояд заҳмату талош ва корҳои назарраси олимону мутахассисони соҳаи тибби мамлакатро  нодида гирифт. Зеро саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар пешбурди илму техника, бахусус соҳаи тибби ҷаҳонӣ беназир боқӣ мемонад. Ҳамчун асосгузори илми тиб эътироф гардидани файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино  далели ин гуфтаҳост. Ҳамин аст, ки  Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба  зодрӯзи ин абарманди миллати тоҷик тавъам мегирад.

Бахшида ба иди касбии кормандони тибби  Тоҷикистон  ва баррасии дастовардҳои соҳаи тибби ҷумҳурӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода суҳбат намуд.

«Ховар»:  Тавре маълум аст, ба роҳ мондани хизматрасонии хуби тиббӣ, бахусус фаъол намудани ин ё он дастгоҳу лавозимоти нодир ба шароити мусоиди кориву шифобахшӣ вобаста аст. Дар даврони соҳистиқлолии кишвар дар мамлакат чанд муассисаи тандурустиву марказҳои саломатии муосир бунёд гардиданд?

 Мирҳамуддин Камолзода: Дар оғоз ман аз ҳамкории пайвастаи  АМИТ «Ховар» бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамоям. Дар робита ба савол ба самъи Шумо мерасонам, ки дар даврони Истиқлолият бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои хизматрасонии тиббӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1000 адад муассисаҳои тиббӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Ба истифода додани як зумра муассисаҳои соҳа бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд.

Дар ҳамин давра дар пойтахти кишвар яке аз бузургтарин иншооти соҳаи тандурустӣ-Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст муҷаҳҳаз бо  технологияҳои муосир мавриди истифода қарор гирифт.

 «Ховар»:  Дар солҳои соҳибистиқлолӣ анҷом додани кадом амалиёти мураккаб дар дохили кишвар ба роҳ монда шуд?

  Мирҳамуддин Камолзода: Дар ин давра дар муассисаҳои тиббии мамлакат як қатор амалиёти муосири ҷарроҳӣ, аз ҷумла бартарафнамоии нуқсонҳои вазнини модарзодии дил ва ҷарроҳиҳои мураккаби дилу рагҳо роҳандозӣ карда шуданд. Инчунин дар кишвар амалиёти пешқадами иваз намудани буғуми косу рон ва зону ба буғуми сунъӣ, усулҳои нави ҷарроҳӣ дар чашм, ҷарроҳиҳои ҷоғу рӯй, инчунин ҷарроҳиҳои батнӣ ва ҷарроҳиҳои асаб тавассути дастгоҳи эндовидеоӣ ба роҳ монда шуд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ  «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳоло  амалиёти пайвандсозии гурда, ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар ва пайванди мағзи устухон дар дохили ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 342 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 21 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст.

Моҳи июни соли равон аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шуъбаи пайвандсозии мағзи устухон ба фаъолият шурӯъ намуда, ба 2 нафар бемор чунин амалиёт гузаронида шуд.

Ҷиҳати дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, аз ҷумла пайвандсозии узвҳо ва барқарорнамоии нуқсонҳои модарзодии дил гузаронидани амалиёти мазкур дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба роҳ монда шуд.

 «Ховар»:  Яке аз самтҳои асосии таъмини хизматрасонии беҳтари тиббӣ фаъолият намудан тариқи дастгоҳу лавозимоти муосири соҳавӣ мебошад. Имрӯз муассисаҳои тандурустӣ то куҷо бо технологияи нави корӣ таъмин ҳастанд?

Мирҳамуддин Камолзода:   Яке аз вазифаҳои асосии Вазорати тандурустӣ- ин ворид намудани дастгоҳҳои муосири ташхисию табобатӣ барои муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ мебошад. Масалан, агар 10 сол пеш барои тамоми аҳолии кишвар танҳо як адад компютери томографӣ истифода бурда мешуд, дар айни замон зиёда аз 30 адад дастгоҳҳои томографияи компютерӣ ва магнитию резонансии гуногунҳаҷми ҳозиразамон, 9 адад маммограф, 6 адад ангиограф, зиёда аз 30 адад дастгоҳҳои поксозии хун, ташхисҳои рентгении рақамӣ, ташхисҳои озмоишгоҳӣ тавассути анализаторҳои автоматикӣ ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ фаъолият доранд.

Дар ин солҳо дар муассисаҳои тиббӣ усулҳои нави табобат  ҳангоми нуқсонҳои вазнини модарзодии дил, амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда, ҷигар, иваз намудани буғуми рон ва зонуи беморон ба буғуми сунъӣ, усулҳои нави ҷарроҳӣ дар чашм, ҷоғу рўй, ҷарроҳиҳои батнӣ ва ҷарроҳиҳои асаб тавассути дастгоҳи эндовидеоӣ, ҷарроҳиҳои нодир ҳангоми саратони сурхной мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин тавассути ҳуҷайраҳои бунёдӣ муолиҷаи беморони дилу рагҳо мавриди амал қарор гирифта, эндоурология ва сангшиканӣ дастраси аҳолӣ гардид. Дар натиҷа, шумораи шаҳрвандони барои ташхис ва табобат ба хориҷи кишвар муроҷиаткунанда нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфт.

 «Ховар»:  Яке аз дастовардҳои дигари соҳаи тандурустӣ дар замони соҳибитиқлолӣ- ин чорӣ намудани усули тибби оилавӣ мебошад. Фаъолият дар ин самт чӣ гуна идома дорад?

Мирҳамуддин Камолзода:   Дар самти таҳкими заминаи моддию техникӣ ва захираҳои кадрӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ айни замон дар ҷумҳурӣ 15 маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ фаъолият менамоянд. Имсол дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ», марказҳои вилоятӣ ва шуъбаҳои байниноҳиявӣ 466 нафар кормандони тиб (80 табиб ва 386 нафар корманди миёнаи тиб) даврҳои бозомӯзиро хатм намуданд.

Айни ҳол дар маҷмӯъ шумораи табибони оилавӣ 4 325 (76,7%, талабот ба 5634 нафар) ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ 7446 (66,0%, талабот ба 11268 нафар)-ро ташкил намуда, роҳандозии ин усул ба тариқи оҷилӣ ва дар сатҳи баланд идома дорад.

 «Ховар»: Имрӯз вазъ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кадом сатҳ карор дорад?

Мирҳамуддин Камолзода:    Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 8 муассисаи давлатии хона-интернат, 1 маркази миллии тавонбахшии кўдакони маъюб, 1 маркази ҷумҳуриявии тавонбахшии маъюбон ва будубоши доимии пиронсолону маъюбон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, 6 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон, 20 маркази хизматрасонии будубоши рўзона, 40 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва 1 корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кўлоб, Хуҷанд ва Хоруғ фаъолият менамоянд ва бунёди 1 маркази тавонбахшии байналмилалӣ дар ноҳияи Балҷувон идома дорад.

Яке аз дастовардҳои муҳими замони Истиқлолият ҷорӣ намудани механизми унвонии таъйин ва пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат мебошад. Механизми мазкур ибтидо дар соли 2011 дар ду ноҳияи ҷумҳурӣ ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардида, дар айни замон он дар 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дошта, қариб 90 ҳазор оилаҳои камбизоат аз он бархурдор мебошанд. Дар назар аст, ки аз 1 октябри соли равон боз дар 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин барнома ҷорӣ карда,  аз соли 2018 дар тамоми ҷумҳурӣ васеъ паҳн карда шавад.

 

                                                                                 Мусоҳиб

                                                                                 Суғдмеҳри МАЪРУФЗОД

 

 

Август 18, 2017 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин