Варзиш қосиди сулҳ, гарави саломатӣ ва муаррифи симои миллат дар арсаи ҷаҳон аст

Август 11, 2017 16:34

“Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими  саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон  ва инъикоскунандаи  симои халқу миллат  дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад“.

                                                         Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 11.08.2017./АМИТ “Ховар”/. Тавре дирӯз хабар дода будем,  10 август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон таҷлил гапрдид. Ба ин муносибат дар саросари кишвар  силсилабарномаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ, инчунин суҳбату мулоқотҳо бо варзишгарон ва собиқадорони варзиш доир  карда шуданд. Зеро варзиш дар байни табақаҳои васеи ҷомеа омили муҳими солимгардонӣ ба ҳисоб рафта, ҷузъи таркибӣ ва пурарзиши рушди миллату давлат гардидааст.  Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониҳояшон ба мардуми Тоҷикистон, хусусан ба наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солимро талқин менамоянд.

Аз ин ҷост, ки машғул шудан бо варзиш, оммавияти варзиш дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, барномаҳои маърифатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти соли танҳо бо як Рӯзи варзишгарон маҳдуд намешавад. Ин раванд ҳамарӯза идома дода шавад.

Андешаҳои адиб ва публисист Камол Насрулло ба ҳамин мавзуъ бахшида шудаанд.

Варзиш дар ҳаёти ҳар инсон  ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дорад, зеро марбут ба асоси мавҷудияти инсон- саломатист. Имрӯзҳо низ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон  варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар сафи пеш  меистад, зеро  на фақат аҳамияти тандурустӣ дорад, балки дар қатори ҷиддитарин масъалаҳои сиёсӣ: мисли давлатдорӣ, бехатарӣ,экологӣ ва ғайра мақом пайдо кардааст, то ҷойе, ки пирӯзии як дастаи миллӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ чун пирӯзии сиёсии як кишвар ва баъзан бештар аз он таъсиргузор ба ҷомеа мебошад. Ва дар баъзе мавридҳо варзиш ва дастовардҳои варзишӣ ба эътибору обрӯи байналмилалии  кишварҳо, маъруфияти онҳо бе таъсир нест ва дар қатори дастовардҳои миллии як халқ, як кишвар он миллату кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Пирӯзии варзишии намояндагони ин ва ё он кишвар дар мусобиқоти  ҷаҳонӣ эътибор, шарафу шаъни он миллат, ном ва парчами миллии ӯро боло мебардорад. Яъне варзиш имрӯз як тобиши сиёсӣ касб кардааст.

Хушбахтона, ба шарафи  дастгириву ғамхорӣ ва чораандешиҳои пай дар пай ва дахолати бевостаи  Пешвои миллатамон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дар ин ҷода низ торафт симо ва ҳузури дурахшони худро  падидор месозад. Пайваста хабари пирӯзиҳои варзишгарони мо, чи хурду чи бузург, ба гӯш мерасад.Имрӯзҳо теъдоди наврасон ва ҷавононе, ки аз мусобиқоти байналмилалӣ пайваста бо медалҳои тило, нуқраву биринҷӣ ва муҳимтар аз ҳама, бо обрӯи шоиста боз мегарданд, меафзояд.

Сиёсати стратегии Ҳукумати Тоҷикистон баъди  ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ баланд бардоштани сатҳи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва зиндагии аҳолии кишвар буда, дар қатори муҳимтарин соҳаҳои маънавиёт: илму маориф, тандурустӣ ва адабиёт баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, бунёди варзишгоҳҳову толорҳои варзишӣ, тарбияи ҷавонон дар соҳаи варзиш низ  мебошад.

Варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва аз ҳама ҳаводортарин аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, асосҳои ҳукқуқӣ ва иҷтимоиву иқтисодии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ба танзим дароварда, фаъолиятро дар ин соҳа дар кишвар таъмин менамояд.

Таърихи варзиш дар Тоҷикистони Шӯравӣ аз апрели соли 1925 бо таъсиси клуби ҳарбии варзишӣ дар назди Гарнизони ҳарбии Душанбе оғоз ёфтааст.Аввалин майдони варзишӣ дар Тоҷикистон варзишгоҳи “Спартак” аст, ки  соли 1930 сохта шуд ва  баъдан соли 1939 варзишгоҳи ”Динамо” бунёд  ёфт.  Соли 1946 қисми ғарбии варзишгоҳи  ба номи Фрунзе барои 5-ҳазор тамошобин бунёд гардид ва соли 1962 варзишгоҳ иурра сохта ба истифода дода шуд, ки  21 ҳазору 400 ҷойи нишаст дошт. Федератсияи  тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши  Тоҷикистон   соли 1962 таъсис ёфт. Раиси аввалини он шоири номдори тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ ва муовинаш низ нависанда Михаил Левин буданд.

Варзиш

Таъсиси ташкилоту созмонҳои варзишӣ дар кишвари мо дар замони шӯравӣ  оғоз ёфта бошад ҳам, маънои онро надорад, ки миллати соҳибтамаддунамон дар таърихи худ бебаҳра аз машғулиятҳои варзишӣ, шуғлу намудҳои гуногуни тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқоти варзишӣбудааст.  Ҳанӯз аз замонҳои гузаштаи дур дар ин сарзамини соҳибтамаддуни мо намудҳои гуногуни  варзиш, мусобиқоти варзишӣ роиҷ будаву ин миллат дар майдонҳои муҳорибаҳои варзишӣ қаҳрамонҳои номдору оламшумули худро  доштааст, ки имрӯз ҳам боиси ифтихори мардуми моянд. Кофист, ки машҳуртарини онҳо Рустам-паҳлавони бешикаст ва Ораши камонгирро ном барем, ки ҳатто қаҳрамонҳои асотиру афсонаҳо шудаанд, ҳарчанд саҳифаҳои таърихамон пуропур аз чунин номҳоянд. Дар ин сарзамин аз мусобиқоти варзишии чавгонбозӣ, гуштину пойгаву  аспдавонӣ ва дигар намудҳои   варзиш то мусобиқоти зеҳнии шоҳмот маъруфу машҳур будаанд.

Дар хусуси он ки дар давоми 25-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишвар  он қадар теъдоди зиёди варзишгоҳҳову толорҳои варзишӣ  сохта шудаанд, ки нисбат ба 70- соли замони шӯравӣ даҳҳо маротиба афзунтару барҳавотару имрӯзитар ва фарогири ҳама шароитуимкониятҳо ҳастанд, ҳоҷати сухан нест, зеро исиқлолият воқеан ба мо имконият дод, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла дар варзиш ҳам, ба чунин дастовардҳои шоиста ноил шавем.

Баъд аз қабули  Стратегияи миллии солимии  аҳолӣ 30  июли соли 2010 рушду нумӯъи варзиш дар Тоҷикистон боз ҳам назаррас гардид. Имрӯз ба шарофати дастгирӣ ва ташаббусҳои Пешвои миллат на фақат дар марказҳои вилоят ва шаҳрҳои азими кишвар бузургтарин варзишгоҳҳои  сохта шудаанд, ки ба тамоми талаботи замон ҷавобгӯ ҳастанд, балки қариб шаҳраку ноҳияе нест, ки дар он бунёди варзишгоҳу толорҳои варзишӣ ба роҳ монда нашуда бошад ва ин раванди бунёдкорӣ муваффақона идома дорад. Танҳо дар шаҳри Ваҳдат дар давоми 20 соли Ваҳдати миллӣ 260 адад иншооти варзишӣ  сохта шудааст. Ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳои кишвар, масалан дар ноҳияи Дарвоз, варзишгоҳи муҷаҳҳазу муосири “Арена Авесто” бунёд гардид, ки дар ифтитоҳи он Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд. Ахиран бунёдкорие, ки ба шарофати ҷашни 20-солагииВаҳдати миллӣ ба анҷом расид, варзишгоҳи боҳашамати шаҳри Ваҳдат мебошад, ки барои 26 ҳазор ҷойи нишаст сохта шуда, тамоми шароитҳои муосирро ҳам барои варзишгарон ва ҳам барои аҳолӣ дорост. Чунин далелҳоро аз тамоми ноҳияҳои мамлакат метавон мисол овард. Дар ин саф бунёди варзишгоҳи нави замонавии шаҳраки Ҳисорро, ки  ба муносибати сеҳазорсолагии Ҳисори Шодмон бо 20 ҳазор ҷойи нишаст сохта шудааст, зикр кардан бамаврид аст.  Баъд аз ҷашни ботантанаи Ҳисори Шодмон дар ин варзишгоҳи замонавӣ дастаҳои муштараки кишварҳои Осиё дар доираи бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳону Осиё  ҳунарнамоӣ карданд. Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода низ пас аз бозсозӣ блопӯшида шуда теъдоди ҷойҳои нишасташ хеле афзуд ва дар он низ чорабиниҳои бузург ва мусобиқаҳои байналмилалӣ барпо мегарданд. Бояд гуфт, ки инҳо ҳама бо дастурҳои Сарвари давлат амалӣ шудаанд. Охирин мужда дар ин мавзӯъ   ба истифода дода шудани маҷмааи варзишӣ дар шаҳраки Бобоҷон Ғафуров бо номи “Варзишгоҳи ҷавонӣ” дар ҳамин рӯзҳост, ки ба шарафи соли ҷавонон дар кишвар бунёд гардидааст. Боиси қаноатмандист, ки чунин бунёдкориҳо дар саросаи мамлакат идома доранд ва аз ояндаи дурахшони варзиш дар ин сарзамин дарак медиҳанд.

Соли 2014 соли Рушди футбол эълон гардид ва такони беандоза ба нумӯъи ин намуди варзиш  дар кишвар дод. Кӯдакону наврасони мамлакат дар ҳама минтақаҳо аз ҷониби ФФТбо тӯб ва либосҳои варзишӣ таъмин гардиданд. Ин боис шуд, ки истеъдодҳои нав ба нав ба майдон оянд.

Таъсиси ду шабакаи телевизонӣ : “Варзиш” ва “Футбол” дар кишвар худ далели бебаҳси ғамхории Сарварамон ҳам нисбат ба варзишу варзишгарон  ва ҳам нисбат ба муштариёни варзиш аст. Дар суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи  муассисаҳои телевизионии “Варзиш”,  “Синамо” ва Академияи воситаҳои ахбори омма омадааст:

“Ҳадаф аз таъсиси  шабакаи давлатии телевизонии “Варзиш” низ муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати варзишгар, омавигардонии варзиш  ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар мебошад…

… Ҳукумати  мамлакат варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш,солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад”.

Ҷараёни созандагие, ки дар соҳаи варзиш идома дорад, худ далели дасттгирӣ аз варзиш ва ғамхорӣ нисбат ба солимии ҷомеа  дар кишвари мост. Комёбиҳои варзишгарони тоҷикистонӣ Иброҳим Ҳасанов, Юрий Лобанов, Зебуннисо Рустамова, Анатолий Старостин, Андрей Абдувалиев дар замони шӯравӣ ва дастовардҳои  Юсуф Абдусаломов, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Дилшод Назарову даҳҳои дигар дар мусобиқаҳои байналмиллалии имрӯза моро ба ояндаи неку дурахшони варзишамон умедвор мекунад. Боиси сарфарозии мост, ки чанде пеш Дилшод Назаров ба таври расмӣ варзишгари беҳтарини соли қитъаи Осиё дар намуди варзиши сабук шинохта шуд.

Варзиш-2

Сиёсати дастгирӣ аз аҳли варзиш,  хусусан ҷавонон аз ҷониби Сарвари кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон беҳуда набуда,  ҳадафҳои баланди миллиро пайгирӣ мекунад. Низ беҳуда нест, ки имрӯз ба ҷавонон майдони фарохи имконияти таҳсил ва кору пайкор дода шудааст. Соли ҷавонон эълон шудани соли ҷорӣ раванди амалишавии ин сиёсатро дучанд афзун сохт. Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки дар ҷаҳони муосир, дар асри имрӯз ояндаву комёбии ҳар кишвар ба сатҳи омодагии рӯҳониву ҷисмонии ҷавононаш вобастагӣ дорад. Ин аст, ки сиёсати дастгирӣ аз ҷавононро дар кишвари мо  хурду бузург хуш пазируфтанд. Дар ин замоне, ки гаравиши ҷавонон ба созмону ташкилотҳои иртиҷоӣ дар саросари дунё рӯ ба афзоиш аст, ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати мо хеле бамаврид ва самаранок хоҳад буд. Хусусан имрӯзҳо дар ин раванд ободонии пойтахтамон- шаҳри Душанбе, сохтмони  беш аз 70 майдочаи варзишӣ, варзишгоҳу фароғатгоҳҳои кӯдакон, ки тамоми маҳаллаҳои Душанберо фаро гирифтааст, боиси сарфарозии сокинони пойтахт аст.  Ин ташаббуси шаҳрдорӣ ва хусусан Раиси ҷавони шаҳрамон Рустами Эмомалӣ аз наҷибтарин ва баарзиштарин зуҳуроти имрӯз аст. Хушбахтона, то кунун теъдоди зиёди ин майдонҳои варзишӣ ва фароғатгоҳҳои кӯдакона ба истифода дода шуда, аллакай ҷавонону кӯдакони мо бо камоли қаноатмандӣ аз онҳо истифода мебаранд.

Ҷойи пинҳон кардан нест, ки аксари гаравишҳои ҷавонону наврасони мо ба корҳои ношоям аз бемашғулиятиву  бекорӣ мебошад. Имрӯз ба шарофати ин сиёсати шаҳрдорӣ ҷавонону наврасон ва кӯдакони мо метавонанд   дар соатҳои фароғаташонба варзиш ва тарбияи бадан машғул шаванд. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки як дӯстам  ҳамеша аз набудани майдонҳои бозиву истироҳати кӯдакон дар назди маҳаллаҳои шаҳр шикоят  мекарду мегуфт, ки чаро шаҳрдории мо барои рафъи ин камбудӣ чора намебинад. Ҳар гоҳе бо кӯдакон аз хона мебароед, намедонед онҳоро дар куҷо бозӣ доронед. Имрӯз бо иқдоми Раиси нави шаҳр ва идораҳои марбути шаҳрдорӣ, хушбахтона, ин камбудӣ бартараф карда шуд.  Гумон мекунам, шаҳрдории мо ин иқдомҳои худро идома хоҳад дод ва  дар баробари  фароҳам овардани варзишгоҳҳое, ки ҷавонони моро солиму бардам мегардонанд,  фароғатгоҳҳое, ки кӯдакони мо метавонанд дар назди ҳавлиҳои худ машғули бозиҳои муфид шаванд, ташаббусҳои дигареро ҳам дар оянда пайгирӣ хоҳанд кард, зеро оғози неку ташаббусҳои хуби бунёдкоронае, ки амалӣ шудан доранд, аз ин мужда медиҳанд. Шояд акнун иқдоми шаҳрдорӣ ба таъсисиҷойҳои нави корӣ равона карда  шавад,то киҷавонони мо, хусусан писарбачагонамон, машғули касбу коре шаванду рӯзгори худро муфид ва пурсамар гузаронанд . Ин иқдом ҳам онҳоро аз гаравишҳои дигар ба худ мекашад ва ҳам ҷавонон нерӯи солиму  тарбиятдодаи худро метавонанд ба кор баранд.  Имрӯз таъсиси корхонаҳои ҳунарие, ки ҷавононро ба кор ҷалб кунанд, айни муддао хоҳад буд.

Дар баробари ин бояд гуфт,  ки албатта, варзиши бадан хуб аст , аммо мо бояд дар хусуси варзиши ақлу заковати ҷавононамон, фарохо сохтани ҷаҳонбиниву дониш ва одоби онҳо низ биандешем ва корҳое ба анҷом расонем, зеро дасту бозуи тавоно ба ҷавонон фақат ҳамон вақт самараи нек меоранд, ки онҳо ҳамзамон ақлу заковат ва одоби тавоно низ дошта бошанд. Варзиш ойинаест, ки дар он сиҳативу саломатӣ ва шоистагиҳои ҷисмонии миллати мо таҷассум меёбад. На танҳо дар кишвари мо, балки дар кулли кишварҳои олам варзиш яке аз омилҳои тансиҳативу саломатӣ ва муаррифгари ном ва симои ин ё он халқ аст. Ба маврид аст зикр кунем, ки варзиш на фақат гарави саломатии мардум асту симоии миллатро дар арсаҳои ҷаҳонӣ дурахшон месозад, балки дар аксари кишварҳои мутараққии олам варзиш манбаи даромади  миллӣ ҳам  маҳсуб меёбад. Танҳо созмони спортии футболи Британияи кабир дар як сол барои ин кишвар сею ним миллиард даромад овардааст.

Ҳадафҳои баланде, ки варзиши миллӣ пайгирӣ мекунад, яке агар таъмини саломатӣ ва солимии ҷомеа бошад, дигаре воситаи зуҳури як миллат дар майдони пирӯзиҳост. Як варзишгари номдор ва муваффақ метавонад бо пирӯзии худ симои миллатеро дар саҳнаҳои намоёни дунё дурахшон созад, муҳаббат, таваҷҷуҳ, эҳтирому эътиқоди халқи дигарро нисбат ба миллати худ бедор намояд аз ин рӯ варзишгари асил ва ватандӯст шиносномаи миллати хеш аст.

Август 11, 2017 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2024 муайян ва соҳиби ҷоизаҳо шуданд
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон-2024 баргузор мегардад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба машқҳои дастҷамъӣ ҷалб гардид
Устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Панҷакент дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди пауэрлифтинг соҳиби медали тилло гардид
Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дастаашро дар Суперлигаи Узбекистон иваз кард
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 муайян гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ФУТБОЛ. Дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд даврҳои таълимӣ аз рӯйи барномаи сертификати «С» идома доранд
Беҳтаринҳои Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ ва Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон муайян шуданд