Ассотсиатсияи нобиноёни Италия ба Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон беш аз 150 000 доллари ИМА кумаки хайриявӣ расонид
ДУШАНБЕ, 20.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Ассотсиатсияи нобиноёни Италия ба Иттиҳодияи миллии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаб-интернатҳое, ки кӯдакони нобино ва биноиашон суст таҳсил мекунанд, ба сифати кумаки хайриявӣ 500 бастакоғази чопии барои ҳуруфи Брайл мутобиқкардашуда тақдим гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, маросими расмии супоридани кумаки хайриявӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар маросим намояндагони Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон, Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор ва Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон ширкат намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин кумаки хайриявӣ бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ сурат гирифт.
Зимни мулоқот муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода зикр намуд, ки «бо иқдоми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи нобиноёни Италия ба Иттиҳодияи миллии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактаб-интернатҳое, ки кӯдакони нобино ва биноиашон суст таҳсил мекунанд, ба сифати кумаки хайриявӣ 500 бастакоғази чопии барои ҳуруфи Брайл мутобиқкардашуда ба маблағи беш аз 150 000 доллари ИМА тақдим гардид. Ин амали башардӯстона имкон медиҳад, ки мушкилоти мавҷудаи корбарӣ дар коргоҳи асосӣ ва филиалҳои Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон, ҳамчунин мактаб- интернатҳо тадриҷан ҳалли худро ёбад».








Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт






