Баррасии истифодаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар мулоқот бо намояндаи доимии Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 12.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гузаронидани курсҳои омўзишӣ барои кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон, иштирок дар рушди инфрасохтор ва истифодаи таҷрибаи Швейтсария дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Намояндаи доимии Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Валбурга Роос мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ба Намояндаи доимии Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон оид ба иқтидори бузурги сайёҳии ҷумҳурӣ, дастгирии давлатии соҳа ва пешниҳоди имтиёзҳо, дастовардҳо ва дар маҷмӯъ, ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ маълумот дода шуд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ дастгирии тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии мамлакат, рушди саноати армуғонсозӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва баргузор намудани чорабиниҳои самти сайёҳӣ матраҳ гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар самтҳои мазкур ҳамкории судманд ба роҳ монда шавад.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






