Дар Душанбе нахустнамоиши филми “Тангно” баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябри соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев нахустнамоиши филми ҳунарии «Муассисаи давлатии Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо номи «Тангно» баргузор мегардад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, филми мазкур аз рӯи асари «Тангнои гетӣ» -и нависандаи маҳбуби тоҷик Сорбон ва дар коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия ва пешниҳод шудааст.
Филм асосан дар зодгоҳи нависанда — деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ва қисман дар шаҳри Москва сабт гардидааст.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар ҷараёни омодашавии филм раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз маҳалли наворбардории ҳунармандон дидан карда буд.
Тавре иттилоъ дода шуд, филм муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосирро инъикос намуда, мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати меҳнатиро бозгӯ намудааст ва аз вазнинии рӯзгори писараке бо номи Армон, ки падараш ба Россия рафта, дигар барнагаштааст, қисса мекунад.
Нақши марказии филмро Муҳаммадшариф Раҳматуллоев офаридаааст.
Ҳамчунин ҳунармандон Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарифов, Бунёд Комилов ва Сурайё Ҳакимова низ аз чеҳраҳои марказии ин филм мебошанд.
Дар филми «Тангно» симоҳои нав хеле зиёд муаррифӣ шудаанд, ки тариқи кастинг ба синамо роҳ ёфтаанд. Беш аз 10 нафар кӯдаки аз 4 то 13-сола низ дар ин филм нақш бозидаанд.
Филми “Тангно” ҳамчунин аз 11 то 18 сентябр дар “Кохи Рӯдакӣ”-и шаҳри Хуҷанд, рӯзҳои 12-13 сентябр дар шаҳри Конибодом ва аз 14 то 30 сентябр дар Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент намоиш дода мешавад.












Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






