Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ плазаҳои нави толлингӣ ба истифода дода шуданд

Сентябрь 4, 2017 14:57

ДУШАНБЕ, 04.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба ҷои плазаҳои амалкунанда дар мавзеъҳои Деҳмой ва Шаҳристон, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ плазаҳои нави толлингӣ ба истифода супорид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти филиали ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Маросими тантанавии ба истифода додани плазаҳои нав дар мавзеи Деҳмой бо ширкати масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва намояндагони раёсати БДА ВКД дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар  плазаҳои нав  пардохти ғайринақдӣ ба роҳ монда шуда, акнун ронанда метавонад корти нави пардохтиро ба шишаи пеши мошин насб намуда, бидуни истодан плазаро убур намояд. Таҷҳизоти муосири дар плазаҳои нав насбшуда мошинро ба қайд гирифта, аз корти пардохтии мутааллиқ ба соҳиби мошин маблағи пешбинишударо бе нигоҳ доштани мошин аз ҳаракат мегирад.

Ҳамчунин дар плазаҳои нав ба ҷои 4 хати ҳаракат 8 хати ҳаракат амал мекунад, ки ин навгонӣ ҳам барои ҳаракати бемонеаи мошинҳо мусоидат менамояд.

Ширкат ҳамчунин дар асоси дархости шаҳрвандон хизматрасонии «Клиент – Сервис»-ро ҷорӣ кардааст, ки тибқи он ҳар нафари хоҳишманд метавонад суратҳисоби инфиродӣ кушода, аз имкониятҳои густурда ва убури бароҳат тариқи плазаҳои толлингӣ баҳравар гардад. Хизматрасонии мазкур имкон медиҳад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пардохти ғайринақдиро бо истифода аз воситаҳои электронӣ анҷом диҳанд.

Дар кортҳои иттилоотии пардохтӣ дар баробари маълумот дар бораи ширкат «ИРС.ЛТД», ҳамчунин вазъи обу ҳаво, ҳолати роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқро метавон дастрас кард.

Ширкат бо мақсади мунтазам гузаронидани корҳои таъмирӣ ва таҷдиди роҳ дар масири шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ се корхонаи истеҳсоли мумқир (асфалт)-ро бунёд намуда, барои сокинони маҳал ҷойи кори доимӣ бо маоши хуб омода намудааст.

Ҳоло барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирон ширкати саҳомии «ИРС ЛТД» гузоштани деворҳои ҳимоявиро  оғоз карда, аллакай дар масофаи 8000 метр чунин деворҳои ҳимоявӣ сохта шудаанд.

Сентябрь 4, 2017 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад