Дар Тоҷикистон пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ қариб ба 97 фоиз расид

Сентябрь 20, 2017 10:00

ДУШАНБЕ, 20.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии  суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» то  15 сентябри соли 2017 пардохти нафақаи 637 ҳазору 388 нафар нафақагиронро дар 67 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо талаботи моҳонаи 177 млн. сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ монданд. Теъдоди нафақагирон  нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 164 ҳазору 414 нафар ва талаботи моҳона 55 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ  «Ховар» аз  Агентии  суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ шумораи  умумии нафақагироне, ки  пардохти нафақаашон тариқи кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст, 96,8 фоизи теъдоди умумии нафақагиронро ташкил менамояд.

Теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ то 1 сентябри соли равон 658 ҳазору 048 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазору 255 нафар афзоиш ёфтааст.

Сентябрь 20, 2017 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд