Ифтитоҳи қитъаи роҳи «Шӯрообод-Шоҳон» ва гузоштани санги асос ба бунёди қитъаи «Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин»-и роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб

Сентябрь 13, 2017 10:57

ДУШАНБЕ, 13.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии қитъаи «Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин»-и роҳи мошингарди «Кӯлоб-Қалъаи Хумб» оғози расмӣ бахшиданд.

Ин қитъаи роҳ 32 километрро ташкил дода, бо харҷи зиёда аз 51 миллион доллар мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор мегирад.

Дар асоси лоиҳа, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд, дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 39 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 40 ҳазор метр, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ дар масофаи 10 ҳазор метр, 2 пули мошингузар ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд намудани роҳи мошингарди Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ба ҳисоб меравад, бо таҷдиду навсозии он рафтуомади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.

Баъди оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар қитъаи «Шӯрообод-Шоҳон»-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумбро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масофаи қитъаи Шӯрообод-Шоҳони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб 40 километр буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, Фонди Рушди Саудӣ, Фонди Қувейтии Рушди Иқтисодии Араб, Фонди Абу – Дабӣ ва Фонди ОПЕК бо харҷи қариб 93 миллион доллар куллан навсозӣ шуда, корҳои сохтмониро асосан дар ин масир коргарону мутахассисони Ширкати муштараки «Комбайнд групп Контрактинг-Текар Лимитед» ва дигар ширкатҳои роҳсозии бонуфузи ҷаҳонӣ дар асоси нишондоди лоиҳавӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расониданд.

Хотиррасон мешавем, ки ба сохтмони роҳи мошингарди Шӯрообод-Шоҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2011-ум расман оғоз бахшида, барои бо сатҳу сифати олӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти коммуникатсионӣ масъулони соҳаро вазифадор намуда буданд.

Дар асоси лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб”, дар қитъаи Шӯрообод-Шоҳон 10 пули мошингузар бо дарозии 1 ҳазору 121 метр бунёд гардидааст, ки бузургтарини онҳо пулҳои Шӯробак бо дарозии 306 метр, Хутхам 297 метр ва Оби Ниёб 265 метр мебошанд.

Ҳамзамон дар ин масир 85 қубури обгузар насб гардида, 50 ҳазор метр ҷӯйборҳои бетонӣ, 8 ҳазору 834 метр пойдеворҳои муҳофизатӣ бунёд карда шудаанд, ки аслан анҷоми ин корҳо дар пешгирӣ аз вайроншавии роҳ нақши басо созгор дорад.

Мутобиқи талабот дар қитъаи Шӯрообод-Шоҳони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ҳамчунин зиёда аз 1600 адад аломатҳои роҳ насб гардидаанд.

Қисмати роҳи Шӯрообод – Шоҳон идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат буда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегӣ мебошад.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳу пулҳои то ба имрӯз бунёдгардида — шоҳрагҳои рушди минбаъдаи мамлакат буда, бояд барои имрӯзу фардои миллату давлат хизмат намоянд.

Дар асоси лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб”, дар қитъаи Шӯрообод-Шоҳон чароғонкунии маркази ноҳия ва маҳаллаҳои аҳолинишин амалӣ гардида, истгоҳҳои замонавӣ низ бунёд карда шудаанд.

Ҳамчунин барои корҳои таъмирию навсозӣ ва равшаннамоии роҳҳои марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар соли 2018 ҷудо намудани 3 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар рафти таҷдиду навсозии қитъаи Шӯрообод-Шоҳон 1000 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, ҳамаи онҳо оянда ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба дар бунёди қитъаҳои Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин ва Шкев-Қалъаи Хумб саҳми назарраси худро мегузоранд.

Ифтитоҳи қитъаи роҳи «Шӯрообод-Шоҳон» ва гузоштани санги асос ба бунёди қитъаи «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин»-и роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб 13.09.2017

Сентябрь 13, 2017 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид