Имзои як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

Сентябрь 3, 2017 06:39

ДУШАНБЕ, 03.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекин дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими имзои Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 79 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 киловолтаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молия Абдусалом Қурбониён ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин Ноиби Президенти Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Пинг имзо карданд.

Ҳамчунин дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин маросими имзои як қатор созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.

Аз ҷумла, Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва техника байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии ҳастаии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои ҳастаӣ бо мақсади осоишта;

Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии рушди авиатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди коркарди системаҳои бесарнишини ҳавоӣ, барои мақсадҳои гуногун;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “Ғаюр Саноат” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Синхуа Тиен Чен”;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “Ғаюр” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Джинно гласс серамик групп”;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “ТАЛКО”- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Юнан;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “ТАЛКО” ва Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн);

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “ТАЛКО” ва Ширкати сармоягузории Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент.

Бо итминон гуфта метавонем, ки баъди имзои чунин санадҳои муҳими ҳамкорӣ тавассути бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ маблағҳои зиёди сармояи ширкатҳои чинӣ ба иқтисодиёти кишвари мо ворид гардида, дар таъсиси ҷойҳои корӣ, истифодаи неъматҳои моддии кишвар, рушди бахшҳои гуногун ва беҳдошти сатҳи иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба наздики 200 санадро ташкил медоданд ва онҳо бахшҳои муҳимро дар бар мегирифт.

Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳури Мардумии Чин дар маҷмуъ 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Сентябрь 3, 2017 06:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва як сардхонаро ифтитоҳ намуданд