Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин

Сентябрь 3, 2017 05:57

ДУШАНБЕ, 03.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии худ дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғоз чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Чун Жан ифтитоҳ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан дод.

Баргузории ин вохӯрӣ  боз як фурсати муносиб барои муаррифии бештару хубтари имкониятҳои воқеии ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвари ҳамҷавор арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳдошти фазои кории соҳибкорон ва фароҳам сохтани шароити хубу мусоид барои сармоягузорони  хориҷӣ тадбирҳои ҳадафмандона андешида, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро  самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон се маротиба ба рӯйхати  “Даҳ кишвари пешсафи ислоҳотгар” шомил гашта, мавқеи худро дар рейтинги «Пешбурди бизнес» аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, гирифтани қарз ва тиҷорати байналмилалӣ беҳтар кардааст ва намояндагони  доираи  соҳибкорӣ  ва ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин   низ имкон доранд, тақрибан аз  дусаду чил сабукиҳои андозбандӣ ва қариб ҳафтод навъи ҳавасмандгардониҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода намоянд.

Барои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, инфрасохторӣ ва нақлиётию иртиботӣ,  саноати  металлгудозӣ, мошинсозӣ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, аз ҷумла  маъданҳои  кӯҳӣ,  саноати  кимиёвӣ, сабук ва хурокворӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, комплекси  агросаноатӣ ва туризм таклифу пешниҳодҳои судманд баён карда шуд.

Чор минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  имзои  Барномаи ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамчунин  тақвияти тадбирҳо дар роҳи бунёди минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин аз имкониятҳои дигари тақвиятбахши муносибатҳои дуҷонибаи доираи тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин  маъниндод гардид.

Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ  барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд  бо доираи тоҷирону соҳибкорони Чин  фароҳам мебошад ва истифодаи самароаноки ин имкониятҳо барои ҳарду ҷониб ҳамаҷониба манфиатбор аст.

Дар Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин доир ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, бонкдорӣ ва системаи бонкӣ, сайёҳӣ ва ғайра Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифиномаи муфассал пешкаш намуд.

Дар ҳамоиш Ноиби Президенти Бонки содироту воридот (Эксимбонк) Сун Пинг ва Директори минтақавии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Ҷинбао суханронӣ намуданд.

MNK_7666 - копия

Сентябрь 3, 2017 05:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои бузурги об ва пирях дар масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо нақши муҳим дорад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Иштирокдорони ин чорабинӣ бо мероси ғании фарҳангии мардуми тоҷик аз наздик шинос мешаванд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» ва хоҷагии деҳқонии «Эмоми Аъзам» шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи навбунёди ҶДММ «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп» санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар доираи ин чорабинӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад