Кӯлоб: партовҳои тиббӣ зери назорати қатъӣ қарор мегиранд
ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри оқилона идора намудани партовҳо ва назорати онҳо, паст кардани таъсири омилҳои сироятӣ ва моддаҳои заҳрнок дар Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб майдони нави идоракунии партовҳо бунёд гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сохтмони иншооти мазкур дар чаҳорчӯбаи созишнома миёни Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ташкилоти байналмилалии «Духтурон бидуни марз» ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуд.
Тавре манбаъ иттилоъ дод, дастгирии муассисаҳои тиббӣ барои ҷорикунии чунин низоми идоракунии партовҳо беҳтар гардондани саломатии аҳолӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ ба шумор меравад.
Тавре ҳамоҳангсози лоиҳаи ташкилоти «Духтурон бидуни марз» дар минтақаи Кӯлоб Омар Гамдуллаев зикр намуд, ин ташкилот «дар Тоҷикистон ҳамчун шарики инноватсионӣ ба шумор рафта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастгирии фаъолиятҳо доир ба идоракунии дурусти партовҳо тақвият ёбад ва назорати босифати сироятиро таъмин намояд. Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб нуқтаи аввалин аст. Қадами оянда – сохтмони чунин иншооти идоракунии партовҳо дар шаҳри Кӯлоб хоҳад буд».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






