Кишварҳои Осиёи Марказӣ бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ муборизаи муштарак ва оштинопазир мебаранд

Сентябрь 29, 2017 11:48

ДУШАНБЕ, 29.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо дар доираи фаъолияти дастаҷамъона ва муштарак метавонад дар мубориза бо зуҳуроти нангини замони муосир –терроризм ва экстремизм муваффақ гардад. Матлаби мазкур имрӯз зимни конфронси байналмилалӣ, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мубориза бо терроризм ва экстремизм дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» доир гардид, садо дод. Таъкид шуд, ки ҳамоиши  мазкур дар ҳоле доир карда мешавад, ки  проблемаи терроризм ва  экстремизм қариб нисфи сайёраро фаро гирифта, ду минтақаи ҷаҳон- Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ,  хусусан авзои сиёсию низомии кишварҳои Сурия, Ироқ ва  Афғонистон хеле нигаронкунанда аст.

Дар конфронси байналмилалӣ Ҷонибек  Холиқзода, муовини сардори Раёсати  мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм сухан карда, афзуд, ки дар ин масъала  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм  барои солҳои 2006-2020»-ро  қабул намудааст. Санади мазкур  воситаи муҳимест  дар мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ.  Таъкид шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуби замони муосир  корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, ҳамзамон заминаи  санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ  такмил дода шудаанд. Зикр шуд, ки бо назардошти таҳдидҳои ифротгароию радикалӣ ва террористӣ ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, кишварҳои минтақаро зарур аст, ки дар доираи ҳамкории муштарак ва табодули таҷриба  муборизаро дар ин самт тақвият диҳанд. Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияти минтақа вобаста ба авзои ноороми сиёсии Афғонистон дар доираи  фаъолияташ дар ташкилотҳои бонуфузи минтақавӣ, ба мисли  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/ ва сохтори минтақавии зиддитеррористии  Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки ҳамчун  сохторҳои таъминкунанди амнияти минтақа фаъолият доранд, ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

Дар конфронси байналмилалӣ ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Игор Лякин- Фролов  ва дигар дипломатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони созмонҳои минтақавии СААД ва СҲШ доир ба нақши давлатҳои минтақа ва созмонҳои мазкур  дар мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, таъмини амнияти минтақа ва мубориза бо дигар хатарҳои замони нав сухан карданд.

Мавриди зикр аст, ки конфронси байналмилалӣ бо ибтикори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он намояндагони ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумонҳои Тоҷикистон ва Россия, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои бонуфузи минтақавӣ,  роҳбарони пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ширкат намуданд.

Иштирокдорони конфронс маҷмӯи  масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ, чолишу хатарҳои мураккабу бисёрсамтиро, ки ба масъалаҳои меҳварии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои минтақа таҳдид менамоянд,  баррасӣ  карданд.

Ҳамзамон дар конфронс  масъалаҳои  таъсири ҷараёнҳои  муосири геополитикӣ ба амнияти умумии  Осиёи Марказӣ, вазъи Афғонистон дар низоми таъмини амнияти минтақавӣ, фаъолияти ташкилотҳои  террористӣ ва экстремистӣ  дар Осиёи Марказӣ: миқёс, таҳдидҳо  ва роҳҳои муқовимат, тамоюлҳои  асосии танзими  зиддитеррористӣ ва  зиддиэкстремистӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ матраҳ гардиданд.

Сентябрь 29, 2017 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2024» интихоб гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 январ, чоршанбе, 15-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар Харбин пойгаи дуюми барфии велосипедронии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Хуҷанд беҳтарин шаҳри вилояти Суғд дар соли 2024 дониста шуд
Дар соли 2024 Кӯлоб беҳтарин шаҳр дар вилояти Хатлон дониста шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Эстония беш аз 17 ҳазор хона бар асари номусоид шудани ҳаво бе барқ монданд
Бар асари тӯфони барфӣ қариб 32 ҳазор оила дар Лаҳистон бе неруи барқ монданд
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Калифорния ба 24 нафар расид
МегаФон Тоҷикистон: «Интернет барои хона» ҳудудро ду баробар васеъ намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад