Китобхонаи миллии Тоҷикистон хостори таҷдиди назар дар нархномаи пешниҳодии табодули китоб аз ҷониби Китобхонаи давлатии Россия шуд

Сентябрь 11, 2017 11:30

ДУШАНБЕ, 11.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Китобхонаи миллии Точикистон ва Китобхонаи давлатии Россия онлайн-конференсия дар мавзӯи «Пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба абонементи байни китобхонаҳо  ва дастрасии ҳуҷҷатҳои электронӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ташкилкунандагони асосии конференсия Маркази фосилавии хизматрасонӣ ва маркази иттилоотии абонементи байни китобхонаҳои давлатии Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Намоишгоҳ – ярмаркаи байналмилалии Москва, шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ва шуъбаи автоматикунонии раванди китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон буданд.

Дар конференсия асосан масъалаҳо оид ба  фаъолияти  низоми абонементи байни китобхонаҳо дар Федератсияи Россия, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуда, саволу ҷавоб доир ба таҷрибаи кории китобхонаҳо тавассути шабакаи интернет гузаронида шуд.

Дар ҷараёни конференсия намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки нархномаи  Китобхонаи давлатии Россия мувофиқи дархости истифодабарандагон аз тарафи шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо ба қадри имкон паст гардад, зеро гаронии нархи адабиёт бисёр муштариёнро қонеъ намекунад ва ин боиси кам шудани мубодилоти электронӣ байни китобхонаҳо мегардад.

Ба зикри манбаъ, дар конференсия пешниҳод карда шуд, ки таҷрибаи пешқадами  китобхонаҳои Русия ва ИДМ тариқи воситаҳои шабакаи электронӣ пурсамартар гардад ва маълумоти китобхонашиносӣ — библиографӣ ба таври маълумотнома ҷо дода шаванд.

Сентябрь 11, 2017 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад