Муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба давраи зимистон омода мешаванд

Сентябрь 28, 2017 15:15

ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Захираи ангишт дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  барои  давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018  пурра   ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, барои омода намудани муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеи он як зумра  корҳоро анҷом доданд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, то 20 сентябри соли равон захираи ангишт 63,9%, ҳезум 46,4% ва сўзишвории дизелӣ 23,1% иҷро шудааст.

Зикр гардид, ки  харидории маводи сўзишворӣ дар муассисаҳои  таълимии ҷумҳурӣ асосан аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад. Дар сурати аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сари вақт ҷудо намудани маблағҳои пешбинишуда, захира намудани ангишту ҳезум дар муассисаҳои таълимӣ пеш аз муҳлат ба анҷом расонида мешавад.

Ҳамзамон мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ дар фасли тирамоҳу зимистон бо маводи хўрокӣ ва маҳсулоти полезии зарурӣ, аз қабили орд, равған, тухм, гӯшт, шакар, картошка, пиёз, карам, гандум, нахўд, лўбиё, мош ва ғайра таъмин мегарданд. Мавриди зикр аст, ки дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 2 ҳазору 530 адад генератор мавҷуд мебошанд.

Дар муассисаҳои таълимӣ айни замон 15 ҳазору 714 адад гармкунаки барқӣ, 46 ҳазору 477 адад печи аловӣ мавҷуд буда, 1 ҳазору 60 муассисаи таълимӣ ба хати барқи озод пайваст мебошанд.

Сентябрь 28, 2017 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!