Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ

Сентябрь 9, 2017 08:43

ДУШАНБЕ, 09.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити таҳаввулоти ҷаҳони муосир  истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои истеҳсолӣ ва ба ин восита, ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои баланди рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати иқтисодии он маҳсуб мешавад.  Бешубҳа, тақвияти соҳибкории хурду миёна ва инкишофи бахши хусусӣ омили муҳимтарини расидан ба ин ҳадафҳо мебошад.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ  шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама, афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва баланд бардоштани сатҳи  некуаҳолии мардум мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ, ки аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шуд ва аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ ягон фарқияти ҷиддӣ вуҷуд надорад.

Татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусиву соҳибкорӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ  самараи хуб дода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори соҳибкорӣ  фазои мусоид фароҳам омад.

Бояд хотирасон намуд, ки аввалин қадаме, ки дар ин самт гузошта шуд, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад. Тадбиқи қонуни мазкур тавонист асоси ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии оғози фаъолияти соҳибкориро аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, кафолати озодии соҳибкорӣ ва дастгирии давлатии онро барқарор намояд.

Дар маҷмўъ, дар зарфи 26 соли Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини рушду ташаккули фаъолияти  соҳибкорӣ дар асоси такмили заминаҳои ҳуқуқӣ як зумра қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ таҳия ва қабул гардиданд.

Тавассути татбиқи ислоҳоти зарурӣ фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ густариш ёфт.

Агар мо дастоварҳои бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкориро дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, мебинем, ки дар ин ҷода ба комёбиҳои зиёде ноил гардидем. Аз ҷумла ин дастовардҳоро метавон ном бурд:

Дар самти хусусигардонии моликияти давлатӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами нахустини худро дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусусӣ дар идоракунии давлатӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» оғоз намуд. Зеро бидуни хусусигардонии моликияти давлатӣ рушди бахши хусусӣ ва аз сиёсати банақшагирӣ ба иқтисоди бозаргонӣ гузаштан ғайриимкон маҳсуб меёфт.

Танзими давлатии раванди хусусигардонии моликият дар кишввар аз солҳои нахусти истиқлолияти давлатӣ иптидо гирифта,  соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул карда шуд.

Ин санад иртиботи байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ муайян намуда, барои рушду тараққиёти шаклҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид.

Қобили зикр аст, ки дар давоми солҳои 1991-2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ҳазору 410 адад иншооти хурд ва 1367 адад корхонаи миёнаю калон хусусӣ гардонида шуданд, ки ин раванд дар муътадил гаштани вазьияи макроиқтисодӣ нақши муҳим гузошт.

Дар самти низоми бақайдгирии давлатӣ

 Бо мақсади содагардонии расмиёти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва кам кардани монеаҳои маъмурӣ як зумра ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ гардиданд, ки дар натиҷа низоми бақайдгирии таъсиси фаъолияти  соҳибкорӣ дар мамлакат куллан тағйр ёфт. Айни замон дар муқоиса ба низоми қонунгузории қаблӣ дар ин самт афзалиятҳои зиёде  ба мушоҳида мерасанд.

Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», инчунин таъсиси  «Равзанаи ягона» аз ҷумлаи татбирҳои асосӣ дар ин самт мансуб меёбанд.

Таъсиси низоми мазкур ва андешидани  татбирҳои судманди давлатӣ дар самти такмили низоми бақайдгири давлатии таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал  овард, аз  ҷумла:

  • Кўтоҳ гардидани муҳлати бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» аз 40 то ба 5 рўз ва барои соҳибкорони инфиродӣ то 3 рўз;
  • Коҳиш ёфтани шумораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои  бақайдгирии давлатии таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз 30 то ба 7 адад;
  • Бекор гардидани пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дурустии маълумот ё худ  тасдиқи нотариалии ҳамаи онҳо, ки қаблан аз аризадиҳандагон талаб карда мешуд;
  • Бекор гардидани пешниҳоди Оиннома ҳангоми бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ;
  • Талабот дар робита ба гузаронидани ташхиси (экспертизаи) ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатии таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорӣ-инфиродӣ, ки қаблан ин амал аз ҷониби сохторҳои мақомоти адлия анҷом мегирифт, бекор карда шуд ;
  • Ба салоҳияти мақомоти андоз вогузор намудани амали бақайдгирии давлатии оғози фаъолияти соҳибкорӣ;
  • Ташкили бахшҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шуъбаҳои онҳо дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ш. Душанбе , ки ин амал қаблан танҳо аз ҷониби мақомоти адлия дар шаҳри Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳо амалӣ мегардид.

Дар асоси қонуни мазкур талаботи ташкили сармояи оинномавӣ барои ширкатҳо пеш аз бақайдгирии давлатӣ бартараф карда шуда, он метавонад дар давоми 1 соли фаъолият аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ташаккул дода шавад.

Дар самти низоми иҷозатдиҳӣ

Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ гузаронида шуда, дар доираи он шумораи иҷозатҳо аз 680 то 74 адад кам гардина, расмиёти дастрас намудани онҳо низ содатар гардонида шуд. Дар заминаи ислоҳоти мазкур дар ҷумҳурӣ Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ карда шуд.

Ҳамзамон дар вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тартиб додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ тариқи электронӣ ба роҳ монда шуд, ки дар маҷмўъ 35 фоизи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки солҳои наздик дар заминаи идомаи ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ дар самти мазкур низ тағйироти куллӣ ба амал оварда шавад.

Хотиррасон менамоям, ки айни замон дар мамлакат теъдоди мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ 19 ададро ташкил дода, беш аз 63 намуди хулосаву иҷозатномаҳоро барои оғози фаъолият дар ин ё он соҳа пешниҳод менамоянд, ки нишондиҳанда то оғози ислоҳот дар низоми иҷозатдиҳӣ ба 600 адад баробар буд.

Санҷиши фаъолияти субъекҳои соҳибкорӣ

Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид.

Мутобиқи қонуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рўйи низоми хавфҳо, истифодаи манбаи маълумот ва технологияҳои иттилоотӣ ҳангоми гузаронидан санҷида мешавад ва ҳамаҷониба фаҳмондани чунин усули кор аз ҷониби мақомоти санҷиш яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти ин самт ба шумор меравад.

Дар самти низоми андозбандӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳимояи манфиятҳои соҳибкорони ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таъмини рушди ин бахши муҳими иқтисодиёт як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ намуд, ки муҳимтарини онҳо таҳия ва қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав арзёбӣ мегардад.

Дар натиҷаи такмили низоми қонунгузории андоз номгўи андозҳо аз 21 то ба 10  намуд кам карда шуда, аз 1 январи соли 2018  ба 9 намуд баробар карда мешавад. Инчунин шумораи ҳисоботи андозӣ то 86% ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ  то 43% кам карда шуд. Дар баробари ин, шумораи  умумии моддаҳои Кодекси андоз аз 355 ба 329 адад,  истинодҳо аз 384  ба 176 адад расонида шуд.

Бояд зикр намоям, ки ҷиҳати кам намудани хароҷоти андозсупорандагон ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ аз 1 июли соли 2015 ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки андозсупорандагон барои ба даст овардани ҳисобнома-фактураҳо ба мақомоти андоз нарафта, ба таври электронӣ эъломияҳои худро пешниҳод менамоянд, ки ҳамаи ин тадбирҳо барои рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ метавонад таъсири мусбат расонад.

Дар доираи Кодекси амалкунандаи андоз то соли 2018 пурра бекор намудани андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард ва нисбатан паст  намудани меъёрҳои баъзе аз намудҳои дигари андоз, аз ҷумла андоз аз фоида барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо 13 фоиз ва барои дигар намудҳои фаъолият 23 фоиз пешбинӣ шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо то ислоҳот дар низоми андозбандӣ ба 15-25% баробар буд.

 Дар самти дастгирии захираҳои молиявии имтиёзнок

Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзии имтиёзнок Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки то имрўз ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 133 миллион сомонӣ гузаронида шуда, маблағи он бояд то соли 2020 ба 1 миллиард сомонӣ расонида шавад.

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳимояи манфиатҳои соҳибкорони истеҳсолӣ тавассути муҳайё гардонидани шароити дастрас ба захираҳои молиявии имтиёзнок, соли 2013  Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки то имрўз ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 253 миллион сомонӣ гузаронида шуда, маблағи он бояд то соли 2020 ба 1 миллиард сомонӣ расонида шавад.

Дар раванди тағйирёбии вазъияти молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва торафт шиддат гирифтани муносибатҳои рақобатӣ миёни кишварҳои ҷаҳон дар робита ба ҷалби сармоягузориҳо, таъсиси Муассиса яке аз барномаҳоии асосии зиддибуҳронии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хиссоб меравад, зеро имтиёзнок будани карзҳо имконият медиҳад, ки бо соҳибкорон  бештар чораҳои профилактикӣ ва методии омӯзишӣ  бурда, баҳри рушди иктисодиёти миллӣ  ва фаъолияти босамари соҳибкорон мақомот камтар санчишҳои мутақобила гузаронанд.

 Дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ

Бо мақсади таъмини рушди иқтисодии мамлакат тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ моҳи декабри соли 2007 Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусии ватанию хориҷӣ ва шарикони рушд шомиланд.

Таъсиси чунин як Шўрои бонуфуз дар сатҳи олии роҳбарияти мамлакат аз иродаи қавии Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бобати ҷорӣ намудани дигаргуниҳои куллии иқтисодӣ ва баланд бардоштани симои сармоягузории мамлакат шаҳодат медиҳад. Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусиро мунтазам таъмин намуда, тавассути он қарорҳои муҳими давлатӣ оид ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо иштироки бахши хусусӣ ва ё дар мувофиқа бо онҳо қабул карда мешаванд.

Дар доираи фаъолияти Шўрои машваратӣ як қатор ислоҳоти назаррас дар самти содагардонии танзими фаъолияти соҳибкорӣ, аз қабили содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарики давлат ва бахши хусусӣ ва рушди соҳаҳои дигар татбиқ гардида, дар раванди таҳияи санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи ислоҳот намояндагони бахши хусусӣ ба таври васеъ ҷалб карда мешаванд.

Дар самти муаррифии  имкониятҳои сармоягузорӣ

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади муаррифӣ намудани  имкониятҳои сармоягузорӣ ва дар ин замина ҷалби сармоягузорҳои хориҷӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳамоишу форумҳо, аз ҷумла бизнес-форум бо иштироки як қатор намояндагони давлатҳо (Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб,  Давлати Қатар, Ҷумҳурии Туркия, Франсия, Швейтсария), Бизнес-форуми Тоҷикистону Австрия, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Эстония, Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, Аввалин Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Шоҳигарии Тайиланд, Форуми иқтисодии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия, Форуми нахустини ҷумҳуриявии занони соҳибкори Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои алоҳида  гузаронида шуд.  Ҳамаи ин, боиси сол аз сол зиёд гардидани ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи амалисозии зиёда аз 1000 лоиҳаи сармоягузорӣ ба иқтисодиёт беш аз 63 миллиард сомонӣ сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла 27,5 миллиард сомонӣ сармоягузории мустақим ҷалб гардид, ки асосан ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, обёрӣ ва инфрасохторӣ равона шудаанд.

Дар 26 соли истиқлолият бо ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ таъсису барқарор карда шуданд. Яъне агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 2100 расидааст.

Танҳо соли ҷорӣ бунёди 14 корхонаи бузург бо таъсиси панҷуним ҳазор ҷойи кори доимӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз аллакай як қисми онҳо ба фаъолият оғоз кардаанд.

Қобили зикр аст, ки саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯан инкишофёфта ва бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, беш аз 140 навъи маҳсулот истеҳсол мекунад, ки ба соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ доранд.

Танҳо дар самти коркарди пахта дар даврони соҳибистиқлолӣ даҳҳо корхонаҳои нав бунёд шуда, иқтидори коркарди нахи пахта аз 28 ҳазор тоннаи соли 1991 ба беш аз 100 ҳазор тонна расонида шуд.

Дар шароити имрӯза давлат дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ барои рушди соҳаи саноати мамлакат ҳамаи заминаҳои заруриро муҳайё намудааст. Ноил гаштан ба ин мақсад бояд ба яке аз ҳадафҳои муҳимми стратегии миллӣ дар солҳои оянда табдил ёбад.

Дар фарҷом ҳаминро мехоҳам таъкид созам, ки тадбирҳои андешидашуда дар соҳаи танзими муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ имкон доданд, ки нишондиҳандаҳои кишвар тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ беҳтар гардида, Тоҷикистон дар соли 2015 бори сеюм ба қатори даҳ кишвари барандаи ислоҳот ворид шавад.

 

Амин ОДИНАЕВ,
муовини сардори раёсати
тадқиқоти  масъалаҳои соҳибкорӣ ва
инкишофи бахши хусусии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2017 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд