ОМӮЗИШРО БО ВАРЗИШ ОМЕЗИШ ДИҲЕД! Имрӯз – Рӯзи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар таҷлил мешавад

Сентябрь 20, 2017 15:43

ДУШАНБЕ, 20.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола 20 сентябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аз тарафи ЮНЕСКО моҳи ноябри соли 2015 дар иҷлосияи 38-уми  Конференсияи генералии Париж таъсис дода шудааст.

Тибқи тадбирҳои «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», ки бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 таҳти №560  тасдиқ шудааст,  ташвиқу таблиғ ва пеш гирифтани тарзи ҳаёти солим барои солимӣ ва рушди ҷомеа бисёр муҳим аст. Дар ин роҳ ҷалби мардум, бахсусус ҷавонону наврасон ба варзиш аҳамияти аввалиндараҷа дорад, зеро варзиш гарави саломатӣ маҳсуб меёбад. Саломатӣ бошад, ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “боигарии асосии давлат аст”.

1468314331_olim-urbonov-va-anastasiya-tyurinaВарзиш инчунин воситаи асосии таҳкими дӯстӣ миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад, ба ибораи дигар,  варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносӣ барои донишҷӯён ва ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон мебошад.

Тавре муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Маҳмадализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, Кумита бо донишҷӯёни  варзишгар ва ҷавонони лаёқатманд ҳамкории зич ба роҳ мондааст.

Ба гуфтаи номбурда, соли равон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳо бахшида ба Соли ҷавонон чорабиниҳои варзишӣ байни донишҷӯён дар се марҳила роҳандозӣ  шуда, дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд.   Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 9 800 нафар донишҷӯ аз рӯи намудҳои гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, варзиши  сабук, дзюдо иштирок намуданд, ки аз ин шумора 1 454 нафарашонро  бонувон ташкил намуданд.

«Ҳамасола байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти  олии кишвар  аз рӯи 7 намуди варзиш мусобиқаҳо доир мегарданд. Соли  2016 дар Тоҷикистон  аввалин  Чемпионати Осиё оид ба бокс байн донишҷӯён доир гардид, ки донишҷӯёни тоҷик дар он штирок намуда ба дастовардҳои хуб ноил шуданд»,- зикр намуд Абдулло Маҳмадализода.

варзиш 11 Муовини раиси Ассотсиатсияи донишҷӯёни варзишгари муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Каримова баён дошт, ки саҳми Ассотсиатсия дар баргузории мусобқаҳои варзишӣ байни донишҷӯёни варзишгари муассисаҳои олии касбӣ зиёд аст.

Зеро Ассотсиатсияи донишҷӯёни варзишгари муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар  мувофиқа бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  чандин мусобиқаҳои варзиширо доир менамояд ва донишҷӯёни варзишгар дар он маҳорату истеъдоди варзишии худро нишон медиҳанд.

Ба иттилои Дилором Каримова,  аз рӯзи фаъолияти  Ассотсиатсияи донишҷӯёни варзишгари муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  донишҷӯёни варзишгар дар якчанд мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуданд.

taekvondodzhahonzebДар  Универсиадаи умумиҷаҳонӣ, ки соли 2013 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия доир шуд, 176 нафар донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ аз рӯи 11 намуди варзиш  иштирок  намуда, ғолибият ба даст оварданд ва соҳиби 5 медал гардиданд.

Баъдан дар Универсиадаи умумиҷаҳонии зимистона, ки дар шаҳри Алмаато гузашт, панҷ нафар донишҷӯи Донишкадаи  тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов аз рӯи намуди варзиши лижаронӣ иштирок намуда, ба натиҷаи назаррас ноил гардиданд.

Дар масъалаи ҷалби ҷавонону донишҷӯён ба варзиш муовини раиси Ассотсиатсияи донишҷӯёни варзишгари муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби ҷавонон ба варзиш зиёд шуда, сол аз сол шумораи донишҷӯёни Донишкадаи  тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов  дар ҳоли афзоиш аст. Ба иловаи номбурда, имрӯз  сафи донишҷӯдухтарони варзишгар зиёд шуда, шумораи онҳо ба 250 нафар расидааст.

Соли 2018 аз ҷониби Ассотсиатсияи донишҷӯёни варзишгари Ҷумҳурии Тоҷикистон   Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни донишҷӯёни варзишгари муассисаҳои олӣ доир карда мешавад.

 

Сентябрь 20, 2017 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу дар Узбекистон соҳиби медали тилло гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО 2024: Эмомалӣ Нуралӣ ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Давҳа ҷамъомади тамринӣ мегузаронад
Дар Мусобиқаи 2-юми ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Тайиланд нуҳ варзишгари тоҷик иштирок менамоянд
Дар Душанбе зиёда аз 55 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва беш аз 1600 нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивал баргузор шуд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Рушди дипломатияи варзишӣ ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон аст
БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФУТБОЛ. Дар Душанбе фестивали варзишӣ баргузор мешавад
19 май дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад