Таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ дар соҳаи сайёҳӣ

Сентябрь 16, 2017 09:58

ДУШАНБЕ,  16.09.2017.  /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо иштироки роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки имрӯз барои сохтмони инфрасохтори замонавии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ, нақшаҳои тиҷоратии ҷавобгӯ ба талаботи сармоягузорон, таҳияи стратегияи маркетинги имкониятҳои сайёҳӣ, бренди ширкатҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ, ташкили сомонаи интернетии ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар омилҳои муосири тарғибу ташвиқи соҳаи сайёҳӣ зарур мебошад.

Тахияи лоихаи сармоягузориҲамчунин дар ҳамоиш роҳҳо ва шаклҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ муҳокима гардида, инчунин вобаста ба таҳияи банақшагирии стратегӣ, асосноккунии техникию иқтисодӣ, тадқиқоти маркетингӣ ва таҳияи бренд, идоракунии корхона ва раванди истеҳсолот, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таҳияи сомонаи интернетӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат, мусоҳибот ва ҳисобдорӣ ба роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар инфрасохтори соҳа машваратҳо дода шуд.

Сентябрь 16, 2017 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад