ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 10 сентябр, якшанбе, 253-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 112 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 10, 2017 08:00

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

10 сентябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои тантанавии ҷашни 2500-солагии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд иштирок намуда буданд.

***

9 сол пеш, 10 сентябри соли 2008 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент дар доираи тантанаҳои 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маросими расмии ба истифода додани мақбараи ӯ баргузор гардида буд.

 

10 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи роҳсозон (якшанбеи дуюми моҳи сентябр).

***

Дар Литва – Рӯзи пойтахт.

***

Дар Чин – Рӯзи муаллимон.

РӮЙДОДҲО:

10 сентябри соли 1894  дар Лондон аввалин ронанда барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин ҷарима карда шудааст.

***

10 сентябри соли 1939 Канада бар зидди Германия ҷанг эълон кард.

***

53 сол муқаддам, 10 сентябри соли 1964 қӯшунҳои СММ бо мақсади қатъи муноқишаҳо миёни ҷамъиятҳои юнониҳою туркҳо ба Кипр фуруд омаданд.

***

10 сентябри соли 1972 дар Мюнхен 20-умин бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки 26 августи ҳамон сол оғоз гардида буданд, ба охир расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1940 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  аввалин шиносномаҳо ба шаҳрвандон  дода шуданд.

Сентябрь 10, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш