ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 16 сентябр, шанбе, 259-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 106 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 16, 2017 10:23

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

16 сентябри соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карда буд.

***

6 сол қабл, 16 сентябри соли 2011  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 – солагии таъсисёбии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ҷашн гирифта шуда буд. Ташрифи бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва иштироки ў дар ин чорабинии идона нишонаи таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба масоили таълиму тарбияи насли наврас, омўзиши амиқи илму техника ва технологияҳои муосир ва ҳамчунин забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ арзёбӣ мегардад.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар қароргоҳи ҳукуматии Ала-Арчаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, суханронӣ карда буданд.

 

15 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии ҳимояи қабати озон.

***

Дар Мексика – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Украина – Рӯзи кормандони соҳаи фарматсевтӣ.


РӮЙДОДҲО:

16 сентябри соли  2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дзюдочии тоҷик  Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон мақоми сеюмро ба даст оварда, ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ба шаҳри Пекин роҳхат гирифта буд.

***

16 сентябри соли 1914 Думаи давлатии Россия дар бораи манъ кардани фурӯши машрубот дар замони ҷанг қонун қабул кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1940 дар ИМА барои мардони аз 21 то 35-сола қонун дар бораи уҳдадориҳои умумиҳарбӣ қабул гардидааст.

***

58 сол муқаддам, 16 сентябри соли 1959 Президенти вақти Франсия Шарл де Голл ба аҳолии Алҷазоир пешниҳод кард, ки барои ба даст овардани истиқлолият аз Франсия раъйпурсӣ баргузор намоянд.

***

16 сентябри соли 1994 дар Ҷумҳурии Чеченистон ҳолати фавқулода ҷорӣ карда шуд.


ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1955 аввалин маротиба дар ҷаҳон аз киштии зериобӣ ракетаи низомӣ-баллистикӣ сар дода шуд.

Сентябрь 16, 2017 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш