ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ ТАЪСИСИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОД АЗ СИЛОҲИ ҲАСТАӢ. 26 сентябр — Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ

Сентябрь 26, 2017 16:46

«Тоҷикистон омода аст, ки доир ба татбиқи амалии муқаррароти Аҳднома дар бораи минтақаи озод аз аслиҳаи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 21 марти соли 2009 эътибор пайдо кард, фаъолона амал намояд».

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар  иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 22 сентябри соли 2009.

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 сентябр, бо қарори махсуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 5 декабри соли 2013 Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳадафи ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати халъи силоҳи ҳастаӣ, паҳн кардани маълумот оид ба бартариҳои нест кардани силоҳи қатли омм мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бори нахуст ва умедворем, ки бори охир силоҳи ҳастаӣ 72 сол муқаддам, моҳи августи соли 1945 дар шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакии Япония истифода шудааст. Дар шаҳри Хиросима 245 ҳазор ва дар Нагасаки 200 ҳазор аҳолӣ иқомат доштанд. 90 фоизи сокиноне, ки дар ҳудуди 1 км аз маркази таркиш қарор доштанд, дар як лаҳза ба ҳалокат расиданд. Ҷасади онҳо ба хокистар мубаддал шуданд. Ҳамин тавр 90 ҳазор сокинони Хиросима ва 60 ҳазор сокинони Нагасаки ба ҳалокат расида, давоми 5 соли минбаъда 156 ҳазор сокинони ин ду шаҳр ба асари шуоъҳои радиокативӣ тадриҷан вафот карданд.

Бинобар ҳамин, нахустин қарори қабулнамудаи Ассамблеяи генералии СММ (соли 1946) масъалаи пурра нест кардани силоҳи ҳастаиро пеш гузошта буд. Солҳои 1959 ва 1975 ҷаласаҳои алоҳидаи Ассамблеяи генералӣ такроран мавзӯи мазкурро баррасӣ карданд ва ҳатто соли 1978 ҷаласаи махсуси СММ барои нест кардани силоҳи ҳастаӣ баргузор карда шуд. Мутаассифона, ин тадбирҳо то ҳоло ягон натиҷаи қонеъкунанда наовардаанд. Ҳарчанд шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар хусуси паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ба тасвиб расида бошанд ҳам, воқеияти талх чунин аст, ки то имрӯз ягон силоҳи ҳастаӣ нобуд карда нашудааст.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар кишварҳои мухталиф 16 ҳазор силоҳи ҳастаӣ нигоҳ дошта мешаванд ва аз нисф зиёди сокинони сайёра дар кишварҳое зиндангӣ мекунанд, ки силоҳи ҳастаӣ доранд ва ё бо кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ иттифоқчӣ мебошанд. Зиёда аз ин дар ягон кишвар гуфтушунидҳо барои нест кардани силоҳи ҳастаӣ пеш бурда намешаванд. Бараъкс, кишварҳое, ки дорои силоҳи ҳастаӣ ҳастанд (ИМА, Россия, Британияи Кабир, Франсия, Чин, Ҳиндустон, Покистан ва ҳамчунин бо эҳтимоли зиёд Исроилу Кореяи шимолӣ) нақшаҳои дарозмуддатро баҳри такмил додани силоҳи ҳастаии худ таҳия намуда, кишварҳои алоҳида аз пайи сохтан ва соҳиб шудан ба силоҳи ҳастаӣ мебошанд.

Мушкилоти силоҳи ҳастаӣ ба абзори асосии муносибатҳои байналхалқӣ мубаддал гаштааст.

Ягона кафолати истифода накардани силоҳи ҳастаӣ пурра нобуд кардани он мебошад.

Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Миллали Муттаҳид ба ин мушкилоти рӯзафзуни башарият бетараф буда наметавонад. Ҳамин аст, ки ҳанӯз қабл аз таъйин шудани Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ, дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 22 сентябри соли 2009 баргузор гардида буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, чунин зикр намуданд:   «Мо ба таҳкими раванди халъи силоҳ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Умедворем, ки дар ҷараёни Конфронси ташреҳии соли 2010-ум дар миёни иштирокдорони Аҳднома доир ба пешгирии паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ дар атрофи масъалаҳои муҳими татбиқи амалии ин санад мубодилаи ҷиддии афкор сурат хоҳад гирифт. Итминон дорем, ки таъсиси минтақаҳои озод аз силоҳи ҳастаӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аҳамияти бузург пайдо менамояд. Бо дарназардошти ин, Тоҷикистон омода аст, ки доир ба татбиқи амалии муқаррароти Аҳднома дар бораи минтақаи озод аз аслиҳаи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 21 марти соли 2009 эътибор пайдо кард, фаъолона амал намояд».

Дар баробари ин Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари терроризму экстремизмро на камтар аз силоҳи ҳастаӣ баҳогузорӣ карда, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли гузашта таъкид карданд, ки «имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардаанд».

Воқеан ҳам мавҷуд будани силоҳи ҳастаӣ на танҳо барои сокинон, балки барои сайёраи Замин хатари ҷиддӣ дорад. Зеро дар сурати ба дасти террористон афтидани ин силоҳи қатли ом метавон оқибатҳои гӯшношунидеро интизор шуд.

Агарчи Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нест кардани силоҳи ҳастаӣ ҳамчун ҷашн хеле «ҷавон» аст (санаи мазкур моҳи декабри соли 2013 қабул шудааст), аммо он муҳиму рӯзмарра буда, имкон фароҳам меорад, ки дар ин рӯз бори дигар аз хатари силоҳи ҳастаӣ бонги изтироб зада шавад.

 

Акрам САНГЗОДА,
шореҳи АМИТ «Ховар»

 

Маълумоти АМИТ «Ховар»:

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ҳамчун мақоми танзимгари давлатӣ доир ба таъмин намудани бехатарии радиатсионӣ таъсис ёфтааст, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар ин соҳа пиёда месозад.

Агентӣ мувофиқи муқаррароти қонуни зикргашта ба навъҳои гуногуни фаъолият, ки ба истифодаи маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ алоқаманданд, иҷозатнома медиҳад. Ҳамчунин меъёр ва қоидаҳоеро, ки ба бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҷисмӣ ва нақшаҳои зиддисадамавӣ, бақайдгирӣ ва назорати маводи ядроию манбаъҳои афканишоти ионофар (МАИ) мансубанд, таҳия ва ба таври муқарраршуда тасдиқ менамояд.   Бо саъю талоши Агентӣ Системаи давлатии қайд ва назорати маводи ҳастаӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар созмон дода шудааст, ки аз ҷумлаи талаботҳои асосии Созишнома дар бораи татбиқи кафолат вобаста ба Аҳдномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ мебошад.

Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар амалисозии ҳадафҳои Аҳдномаи манъи умумии санҷишҳои силоҳи ҳастаӣ   фаъолона ширкат меварзад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ягон намуди силоҳи қатли ом вуҷуд надорад. Ба ин нигоҳ накарда дар ҷумҳурӣ ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба манъ будан ва ё тибқи низоми муайян мавриди истифода қарор додани маводи ба чунин силоҳҳо алоқаманд ба тасвиб  расидааст ва Тоҷикистон ҳамаи фаъолиятҳои байналмилалиро дар ин самт ҷонибдорӣ менамояд.

Сентябрь 26, 2017 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд