“ВАҚТЕ КИТОБЕРО ТАРҶУМА МЕКУНӢ, БОЯД МУАЛЛИФИ ОНРО ХУБ ДАРК КУНӢ ВА РӮҲАН БА Ӯ ШАБОҲАТ ДОШТА БОШӢ…”. 30 сентябр- Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо

Сентябрь 30, 2017 12:17

ДУШАНБЕ, 30.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо (International Translation Day) ҳамасола 30 сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Касби тарҷумонӣ муддати тӯлонист, ки яке аз маъруфтарин ва серталаботтарин касб эътироф шудааст. Тибқи сарчашмаҳо тарҷумонҳо бори аввал дар Мисри қадим пайдо шудаанд ва аз ҳамон замон ба қатори сокинони ифтихорӣ дохил шуда буданд. Агар онҳо намебуданд, мардумони сайёра аз таъриху тамаддун ва фарҳанги якдигар бехабар мемонданд. Дар миёнаҳои асри XX олимон ва барномасозони тамоми ҷаҳон тавассути барномаҳои гуногун ба тарҷумаи автоматӣ   ба воситаи компютери шахсӣ шурӯъ карданд.
Вале то ин замон ҳатто тарҷумаи аз ҳама беҳтарини он ҳам наметавонад тарчумаи инсонро иваз намояд. Чунки ҳангоми тарҷума аз ҳама муҳим ёфтани калимаи мувофиқ не, балки фикр аст.

Дар робита ба ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо адабиётшинос ва тарҷумони маъруфи ҷумҳурӣ  Абдураҳмони АБДУМАННОН атрофи касби тарҷумонӣ, забони тарҷума ва мушкилоти соҳа суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки тарҷума чист ва тарҷумон бояд чӣ гуна кас бошад?

Абдураҳмони АБДУМАННОНАбдураҳмони Абдуманнон: Аслан худи тарҷума як василаи бисёр муҳими ба ҳам пайвастани мардумон, халқҳо, миллатҳо, забонҳо ва инсонҳои гуногун, яъне пайвандгари ақлҳо ва дилҳост. Чунки дар танҳоӣ ягон миллату халқ ба пешравии назаррас ноил нашудааст. Ҳамеша табодули афкор, дастовардҳо ва таҷриба дар таърихи инсоният нақши бисёр бориз дошт ва дорад. Масалан, осори илмиву таърихиву адабии Юнони қадим аллакай пеш аз ислом дар Эронзамин ба забони паҳлавӣ тарҷума шуда буданд. Баъди ислом ҳам бо забони арабӣ ва форсӣ асарҳои Аристотел, Геродод, Софокл, Гаммер, Эвклид ва дигар олимону адибони Юнони қадим тарҷума шуда, бисёр машҳур буданд. Осори мутафаккирони Шарқ дар Ғарб махсусан тавассути тарҷума бисёр роиҷ шудаанд. Масалан, осори Ибни Сино, Розӣ, Берунӣ, Ҷомӣ ва дигар олимони эронинажод дар асрҳои миёна дар Ғарб ба дараҷае машҳур шуданд, ки «Ал-Қонун»-и Сино китоби рӯимизии табибони дунё гардид.

Агар тарҷумаро дар маҷмӯъ бигирем, гуфтан мумкин аст, ки ин фаъолияти касбии як гурӯҳи олимон, шоирон, нависандагон, намояндагони илмҳои гуногун мебошад. Масалан намешавад, ки як шоир ё нависанда китоби «Ал-Қонун»-и Синоро тарҷума кунад. Вай бояд ҳатман аз тарҷума аз илми тиб бохабар бошад, ислоҳоти илми тибро донад.  Ё касе, ки аз истилоҳоти илми фалсафа огоҳ нест, ҳеҷ гоҳ наметавонад дар сатҳи зарурӣ осори фалсафиро тарҷума кунад. Ба андешаи ман, тарҷумаи осори соҳаҳои гуногунро бояд мутахассисони ҳамон соҳаҳо бар уҳда дошта бошанд.

АМИТ «Ховар»: Тарҷума дар замони мо шохаҳои гуногунро касб кардааст. Ба андешаи Шумо, масъулияти тарҷумони кадом шоха бештар аст?

Абдураҳмони Абдуманнон: Масъулияти тарҷумони маводи сиёсӣ, масалан суханрониҳо, паёмҳо, ки соҳаҳои гуногуни ҳаёти халқро фаро мегиранд, нисбат ба тарҷумони маводи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва бадеӣ зиёдтар аст.  Чунки тарҷумони ин шоха бояд фазилати бисёр фарох дошта бошад, истилоҳоти тамоми  соҳаҳоро донад, аз хусусиятҳояш огоҳ бошад. Ҳамзамон дорои  фаросати мантиқӣ бошад, зеро барои тарҷума танҳо  донистани забон кифоят нест. Бахусус аз тарҷумони маводи расмӣ ба ғайр аз забон дониши бисёр фарохи соҳаҳои гуногун низ тақозо мешавад.

АМИТ «Ховар»: Мегӯянд, ки  дар тарҷумаи маводи расмӣ   мутарҷим ҳақ надорад, ки   ягон калимаро илова ва ё ихтисор кунад…

Абдураҳмони Абдуманнон: Тарҷумаи маводи расмӣ ҳам мисли дигар тарҷумаҳо, пеш аз ҳама,  мантиқро тақозо мекунад. Агар шумо мантиқи матни аслро риоя карда, калимаҳои такрор ё зиёдатӣ ва нолозимро ихтисор кунед, матн зарар намебинад. Хусусан, вақте аз забони тоҷикӣ ба русӣ тарҷума мекунед. Муаллифони забони тоҷикии мо ба лирика дода мешаванд. Забони адабии мо забони андак муродифҳову тавсифҳои гуногун аст, ки дигар забонҳо инро намепарастанд. Дар тарҷумаи матнҳои сиёсӣ, вақте ба муродифҳо ва тавсифҳо дода мешавед, ин ҳолат таъсири суханро коста мегардонад. Дар ин маврид ихтисор кардан на танҳо мумкин, балки зарур аст.

АМИТ «Ховар»: Баъзан тарҷума аз матни асл хубтар мебарояд. Масалан, солҳои 80-уи ду шоири забардасти тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир маҷмӯи ашъори Сергей Есенинро бо номи «Гулафшон» («Пора цветения») ба тоҷикӣ гардонда буданд ва мухлсони назм мегуфтанд, ки тарҷумаи баъзе шеърҳо  аз матни аслии он беҳтар баромадааст… 

Абдураҳмони Абдуманнон: Бале. Тарҷумон агар қобил ва дорои маҳорату истеъдоди баланд бошад, маводро хуб дарк кунад, вай метавонад тарҷумаашро аз маводи асл беҳтар кунад.

АМИТ «Ховар»: Тарҷумаи синхронӣ чӣ гуна тарҷума аст?

Абдураҳмони Абдуманнон: Дар тарҷумаи синхронӣ   тарҷумон бояд ҳарду забонро дар сатҳи баланд донад. Ӯ бояд ҳангоми гӯш кардан аллакай ҳазм кунад ва мазмуни ҷумлаеро, ки мешунавад, фавран тарҷума карда тавонад.

АМИТ «Ховар»: Мафҳуми «дӯстони дурӯғини тарҷумон» («ложные друзья переводчика»)-ро шарҳ медодед…

Абдураҳмони Абдуманнон: Дӯстони дурӯғинаш ҳамин аст, ки ба назари ман кас забони гуфтугӯии як халқи дигарро медонад. Китобро ба он забон мехонад, хуб мефаҳмад ва гумон мекунад, ки вай аз забони дигар ба ҳамин забон тарҷума карда метавонад. Ин тамоман ғалат аст. Барои тарҷума карда тавонистан  танҳо забонро донистан кам аст. Забонро бояд ҳис ва дарк кунӣ, сипас ба тарҷума машғул шавӣ.

АМИТ «Ховар»: Дар адабиёти мо тарҷумаҳое ҳастанд, ки на танҳо хонандаро бо осори халқҳои гуногун шинос кардаанд, балки онҳо аллакай моли адабиёти мо шудаанд. Масалан тарҷумаи «Чаманоро»-и Раҳим Ҳошимро мехонӣ, гумон мекунӣ, ки гӯё ба забони тоҷикӣ навишта шуда бошад…  

Абдураҳмони Абдуманнон: Дар адабиёти мо ин гуна тарҷумаҳо хеле зиёданд. Масалан, он асарҳое, ки ба қалами Сотим Улуғзода тааллуқ доранд, ҳамчун моли адабиёти худамон пазируфта шудаанд. Ҳамчунин «Гулафшон»-и Есенин, ки Шумо аз он ёдовар шудед. Ашъори Есенин дар ин китоб ҳамчун шеъри тоҷикӣ қабул шудааст, зеро ҳам Лоиқ ва ҳам Бозор аз ҷиҳати рӯҳия ба Есенин шабоҳат доштанд, шахсиятҳои озодихоҳ, боҷасорат ва дорои шуҷоати адабӣ буданд.  Ба андешаи ман,  маҳз аз ҳамин боис тарҷумаҳояшон бисёр хуб баромадааст.

АМИТ «Ховар»: Яъне Шумо гуфтаниед, ки барои он ки тарҷума хуб барояд, бояд ҳатман  тарҷумон  рӯҳан  ба муаллиф  шабоҳат дошта бошад?

Абдураҳмони Абдуманнон:  Бале, ҳамин хел. Вақте ки  ашъори шоиреро тарҷума мекунӣ, бояд ӯро шиносӣ, хуб дарк кунӣ ва рӯҳан бо ӯ  шабоҳат дошта бошӣ.  Худатро ба ҷои ӯ гузошта ё дар худ он шоирро тасаввур карда тавонӣ. Вақте шахсиятро медонӣ, эҳсос мекунӣ, ки ӯ чӣ мехоҳад, хусусан вақти тарҷума аз тарҷума мешавад, яъне аз англисӣ ба русӣ ва сипас аз русӣ ба тоҷикӣ. Агар шахсияти нависандаро донӣ, дарк мекунӣ, ки дар куҷо тарҷумаи русӣ ба шахсияти вай, ба тарзи тафаккури вай мувофиқат мекунад ва дар куҷо намекунад. Ё касе, ки ба тарҷумаи шеър машғул аст, агар худаш завқи шеъргӯӣ надошта бошад, ё ин ки қобилияти дарки шеър надошта бошад, вай ҳеҷ гоҳ на танҳо аз уҳдаи тарҷумаи бадеии шеър, балки аз уҳдаи тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва тарҷумаи филологии шеър баромада наметавонад.

АМИТ «Ховар»: Адибони тоҷик осору ашъори халқҳои гуногунро  ба забони тоҷикӣ бисёр баргардон кардаанд, вале осори кадом адибони мо берун аз Тоҷикистон бештар машҳур шудаанд?

Абдураҳмони Абдуманнон: Аввалин асарҳое, ки аз шоирони тоҷик дар Ғарб бисёр машҳур шудаанд, ин осори Саъдӣ мебошад. «Гулистон» ва ғазалиёти Саъдӣ ба забонҳои фаронсавӣ, немисӣ ва баъдтар ба англисӣ тарҷума шуда, бисёр шӯҳрат ёфтанд. Масалан ашъори Умари Хайёмро ба англисӣ ва, сипас, аз англисӣ ба дигар забонҳо тарҷума кардаанд. Аз шоирони муосир аз Лоҳутӣ, Турсунзода, Айнӣ, хулоса қариб осори ҳамаи шоирон ба забонҳои гуногун тарҷума шудаанд. Осори Турсунзода ва Мӯъмин Қаноатро ба забони русӣ махсус таъкид кардан зарур аст.  Чунки онҳо зиёд тарҷума шуда, шуҳрат ёфтаанд. Хусусан «Сурӯши Сталинград»-и Мӯъмин Қаноат дар тарҷумаи Роберт   Рождественский бисёр  машҳур гашт ва онро метавон тарҷумаи муваффақона номид.

АМИТ «Ховар»: Имрӯзҳо дар баъзе аз гӯшаҳои пойтахт бюроҳои тарҷумонӣ фаъолият мекунанд ва дар онҳо аксаран ҳуҷҷатҳои расмӣ тарҷума  мешаванд. Ба забони тарҷумаи онҳо чӣ гуна баҳо медиҳед?

Абдураҳмони Абдуманнон: Рости гап, ман ягон бор тарҷумаи онҳоро таҳлил накардаам ва баҳо дода наметавонам. Танҳо гуфтаниям, ки забони тарҷума аз русӣ ба тоҷикӣ беҳбуд мехоҳад. Забон як организми зинда аст ва тағйир мепазирад. Як мушкилии бисёр сахте, ки дар назди забони мо истодааст ва ҳангоми тарҷума он эҳсос мешавад, ин фосила ва фарқи калони байни забони гуфторӣ ва забони навиштории мо мебошад. Лаҳҷаҳо ва шеваҳои гуфтор тамоман гуногунанд ва забони ягонаи гуфториамон ҳанӯз ташаккул наёфтааст. Забони навишторӣ, албатта, бо забони гуфторӣ вобастагӣ дорад. Агар аз нуқтаи назари меъёрҳои муқаррарнамудаи устод С. Айнӣ, баъдтар С. Улуғзода ва Ф. Муҳаммадиев назар кунем, забони тарҷумаи мо камбудиҳои зиёд дорад.

Тарҷума аз забони тоҷикӣ ба русӣ барои ҷумҳурии мо як проблемаи калон шудааст. Имрӯзҳо на  танҳо дар тарҷума, балки дар соҳаи маориф низ нарасидани мутахассисони забондони рус эҳсос мешавад. Дар айни ҳол мо қариб, ки ягон шоири русзабоне, ки шеъри классикӣ ва муосири тоҷикро ба русӣ тарҷума кунад, надорем. Бинобар ҳамин маҷбурем, ки тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ ва филологиро дар маҷаллаи «Помир» чоп кунем. Имрӯз мо бояд барои омода кардани тарҷумонҳои касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешем. Шояд дар донишгоҳҳо ва муассисаҳо барои ин кор шуғл варзидан мумкин бошад. Албатта, забони модариро ба дараҷаи баланд омӯхтан, донистан ва коргузориро бо ин забон ба роҳ мондан зарур аст, лекин ба андешаи ман, маҳдуд шудан фақат ба донистани забони модарӣ бисёр ғалат аст. Чунки он ба маҳдуд шудани миллат ва шахсият оварда мерасонад…

 

Мусоҳиб
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин