24 ОКТЯБР – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш Тоҷикистонро кишвари зебо, мардуми онро хушбахт ва табиати онро нотакрор номид…

Октябрь 24, 2017 15:24

ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 24 октябр Рӯзи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ таҷлил мегардад. Ин сана ба эътибор пайдо намудани  Оинномаи СММ, ки 24  октябри соли 1945 қабул гардид ва аз таъсиси СММ башорат дод, иртибот дорад.

Тибқи анъана Рӯзи  байналмилалии СММ шурӯъ аз соли 1948  бо баргузории ҷамъомаду ҷаласаҳо, мубоҳисаҳо ва намоишгоҳҳо, ки инъикосгари дастовардҳо ва ҳадафҳои СММ мебошанд, дар саросари ҷаҳон  ҷашн гирифта мешавад.

Соли 1971 Маҷмаи кулли  СММ ба тамоми кишварҳои аъзояш тавсия дод, ки ин санаро ҳамчун ҷашни давлатӣ таҷлил намоянд. Дар робита ба ин,  соли 1972   Маҷмаи кулли СММ  Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушдро таъсис дод, ки ҳадафаш ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти рушд ва зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ  дар ин самт мебошад.  Вобаста ба ин Маҷмаи кулли СММ қарор қабул кард, ки ин сана бояд ба принсипҳои Рӯзи байналмилалии СММ -24 октябр мувофиқат намояд, зеро ин сана ҳамзамон ба таърихи қабули Стратегияи рушди байналмилалии Даҳсолаи дуюми рушди СММ, ки соли 1970 қабул гардидааст, рост меояд. Ҳамин тариқ, СММ баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон  бо мақсади пойдории сулҳи ҷаҳонӣ ва таъмини амнияти сайёра таъсис дода шудааст, зеро Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷомеаи ҷаҳониро  ҳушдор дод, ки  бар зидди ҳама гуна хушунат муттаҳид гарданд.

1007740967Бояд тазаккур дод, ки алҳол 193 кишвари дунё,  аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои СММ   мебошанд.  Қароргоҳи СММ шаҳри Ню-Йорки Амрикост. Шаш забони дунё — англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ,  русӣ ва франсузӣ забони расмӣ ва коргузории СММ аст.  Риояи ҳуқуқи башар, таъмини ҳаёти осоишта, сулҳу субот  ва амнияти ҷаҳон, ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва мушкилоти сайёра, таъмини ҳамкорӣ байни кишварҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти  давлатҳои гуногуни сайёра аз ҳадафҳои асосии  СММ мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти СММ тамоми масъалаҳои глобалӣ, шурӯъ аз мубориза бо терроризму экстремизм,  бемориҳои гуногун, масъалаҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим, ғизои солим ва ғайраро фаро мегирад. Масъалаҳои глобалӣ дар ҷаласаи Маҷмаи кулл,  Шӯрои амният, шӯроҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ ва ҳал мегарданд. Аз моҳи феврали  соли 2017 Антониу Гутерриш (Португалия) номзад аз Шӯрои амният  Дабири кулли  СММ мебошад.

D20_0432

Бояд тазаккур дод, ки 2 марти соли 1992 дар иҷлосияи 46-уми Маҷмаи кулли СММ Эъломия дар бораи қабули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ  якдилона қабул шуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон расман узви  СММ  гардид. Бори нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 аз минбари баланди СММ сухан намуда, ба аҳли ҷаҳон ҳадафҳои неку созанда ва сулҳдӯстонаи Тоҷикистони мустақилро  ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ  расонданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 25 соли ҳамкорӣ бо СММ  ташаббусҳои муҳими худро, бахусус дар масъалаҳои обӣ ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тавассути ин созмони калидӣ амалӣ намудааст.  Ба узвияти СММ пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоидро барои рушди ҳамкории кишварамон бо ниҳоду барномаҳои СММ фароҳам овард. Алҳол дар Тоҷикистон чандин ниҳодҳои СММ, назири  Барномаи рушди  СММ,  Раёсати Комиссари  Олии СММ дар умури паноҳандагон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят,  Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ  фаъолият доранд.  Нақши ниҳодҳои СММ дар таъмини суботи кишвар, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриамон   муҳим арзёбӣ мегардад.

DSC_0128

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ сухан карда,  ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ, хусусан мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм  ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир, ба  эътидол овардани авзои Афғонистон, тағйирёбии иқлим ва соири масъалаҳои мубрами сайёра даъват намудаанд. Боиси хушнудист, ки баробари аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ  қабул гардидани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028  бори дигар  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари   ташаббускор ва пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об шинохта шуд.

 

Emomali-Rahmon-i-Antoniu-GuterrishБояд тазаккур дод, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  СММ ва ниҳодҳои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, сафари расмии  Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи июни соли 2017 сурат гирифт,  шаҳодати ин гуфтаҳост. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни  сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону СММ дар давоми 25 соли узвият дар ин  созмон, нақши СММ ва ниҳодҳои тахассусии он дар таҳкими сулҳ ва субот, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро баррасӣ намуд. Зикр шуд, ки дар ин давра Тоҷикистон бо 23 барнома ва муассисаҳои  махсусгардонидашудаи СММ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Дар ин мулоқот  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориро бо СММ дар пешбурди муваффақонаи барномаҳо ва лоиҳаҳои марбут ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар муҳим арзёбӣ карда, зикр намуданд, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ дар асоси вазифаҳои расидан ба ҳадафҳои рӯзномаи нави ҷаҳонӣ то соли 2030 таҳия гардидааст. Бо ишора ба саҳми Тоҷикистон дар татбиқи рӯзномаи СММ зикр гардид, ки Тоҷикистон пешбурди ташаббусҳои худро дар сатҳи байналмилалӣ барои амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас дар соҳаи идоракунии маҷмӯии захираҳои об идома хоҳад дод. Дар ин росто зикр гардид, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон иқдоми муҳим ба шумор меравад. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили марбут ба об баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки СММ ва ниҳодҳои он ба раванди татбиқи ин ташаббусҳо мусоидат хоҳанд кард. Инчунин Антониу Гутерриш дар  конфронси сатҳи баланд дар  мавзӯи  «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» иштирок намуда, зимни суханронӣ гуфт, ки «роҳи интихобкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ куллан ба 17 Ҳадафи рушди устувор мувофиқ мебошад. Дабири кулли СММ зикр намуд, ки Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳо дар соҳаи рушд муваффақ шудааст».

 

Ҳамзамон Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз кӯли Сарез, ки яке аз манбаъҳои бузургтарини оби ошомиданӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, боздид намуда, аз зебоиҳои нотакрори табиат ва кӯҳҳои Помир дар ҳайрат монд. Дабири кулли СММ Тоҷикистонро кишвари зеботарини ҷаҳон маънидод карда, гуфт: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбаафлок, қуллаҳои барфпӯш, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад.  Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред».

Зимни сафараш ба Тоҷикистон Антониу Гутерриш бори дигар кишварҳои ҷаҳонро ба тақвият додани мубориза ба муқобили тағйирёбии иқлим даъват намуд. Ба гуфтаи ӯ, инсоният дигар ҳаққи аз даст додани фурсатро надорад. Бояд тазаккур дод, ки зимни боздиди Антониу Гутерриш аз кӯли Сарез  пешниҳод ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби мусаффои кӯли Сарез барои кишварҳои минтақа муаррифӣ карда шуд. Дабири кулли СММ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, иқдоми навбатии   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро  дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  муҳим ва башардӯстона арзёбӣ кард.

Мавриди зикр аст, ки сафари расмии Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон дар тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, ки имрӯз аз таъсисёбиаш 72 сол сипарӣ гардид, такони ҷиддӣ бахшид.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2017 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад