БА ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВЕМ: Муассисаҳои Академияи илмҳо бе мамониат аз оби гарми шабакаҳои гармидиҳии пойтахт истифода мебаранд

Октябрь 9, 2017 17:15

ДУШАНБЕ, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи зимистони солҳои 2017 – 2018 амалиёти назоратии хидматрасонӣ татбиқ мегардад.

Тибқи маълумоте, ки аз шуъбаи сохтмони асосии Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Точикистон ба мо дастрас гардид, биноҳои Раёсати АИ ҶТ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ, Институти омўзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупо, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинови АИ ҶТ ва Китобхонаи ба номи Индира Гандии АИ ҶТ  пурра аз таъмири асосӣ гузаштанд.

Бояд гуфт, ки ҳангоми сардшавии ҳарорат дар шаҳри Душанбе муассисаҳои мазкур бе мамониат аз оби гарми шабакаҳои гармидиҳии пойтахт истифода хоҳанд кард.

«Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ ва таъмиру пайваст намудани қубурҳои обгузари дигар биноҳои ба АИ ҶТ тааллуқдошта, аз қабили биноҳои Институти кимиёи ба номи академик В.И. Никитин, Институти физикаву техникаи ба номи академик С.У. Умаров, Институти математикаи АИ ҶТ, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ идома доранд ва таъмири асосӣ дар ин биноҳо дар рўзҳои наздик анҷом меёбад»,-илова намуд манбаъ.

Октябрь 9, 2017 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад