Барқияҳои тасаллият аз сарони як қатор давлатҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба даргузашти Нуриддин Раҳмон-бародари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ номаҳои тасаллият ворид гардиданд.
Дар Паёми тасаллияти Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ал-Сабоҳ омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,,,
Бо андуҳи гарон вафоти бародари гиромиатон Нуриддин Раҳмонро (Худо раҳматаш кунад) қабул намудам.
Ҷаноби Олӣ, самимонатарин таъзия ва ҳамдардии содиқонаи хешро ба Шумо барои ин мусибат арз менамоям ва аз даргоҳи Худои Мутаол масъалат дорам, ки марҳумро мағфират ва дар ҷаннати худ сокин гардонида, ба Шумо ва оилаи муҳтарам сабру шикебоӣ ва ҳусни азодорӣ ато гардонад.
Мо аз Худоем ва ба сӯйи ӯ бармегардем,,,»
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар номаи тасаллияти худ гуфтааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Хабари даргузашти бармаҳали бародари калонии Шумо – Нуриддин Раҳмонро бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтам.
Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи маро дар робита ба талафоти сангине, ки ба сари Шумо ва наздиконатон омад, қабул фармоед».
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар номаи тасаллияташ чунин нигоштааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Хабари марги ногаҳонии бародари калонии Шумо – Нуриддин Раҳмонро бо андӯҳи гарон дарёфтам. Талаф додани шахси наздик ин андӯҳи гарон ва талафоти бебозгашт аст.
Дар ин лаҳзаҳои душвор хоҳишмандам тасаллияти амиқи маро бипазиред, инчунин эҳсоси ҳамдардиро ба наздикону пайвандонатон расонед».
Дар барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев гуфта мешавад:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Хабари марги бармаҳали бародари калонии Шумо – Нуриддин Раҳмонро бо андӯҳи амиқ дарёфтам.
Дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳузнангез аз номи халқи қирғиз ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва аҳли оилаатон изҳори ҳамдардии амиқ менамоям.
Андӯҳи талафоти бебозгаштро бо ҳам қисмат мекунем».
Дар барқияи тасаллияти Президенти Туркия Реҷеб Тайип Эрдоган гуфта мешавад:
«Муҳтарам Ҷаноби Президент
Бародари азиз,
Хабари марги бародаратон Нуриддин Раҳмонро дар таърихи 7 октябр бо андӯҳи гарон дарёфтам, Аз Худованди бузург хоҳонам, ки марҳумро мағфират гардонад, ҳамдардии амиқи хешро ба Ҷаноби Олӣ, наздикон ва дӯстдорон иброз менамоям.
Бо истифода аз фурсат барои беҳбудиву осудагии мардуми бародари Тоҷикистон беҳтарин таманниётамро мерасонам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






