Баргузории ҳамоиш оид ба рушди хизматрасониҳои машваратии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон

Октябрь 12, 2017 15:35

ДУШАНБЕ, 12.10.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) «Аврупои васеътар: мусоидат ба тиҷорат дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиш дар мавзӯи «Рушди хизматрасониҳои машваратии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон. Тарғиб ва рушди хизматрасониҳои тиҷоратӣ» доир гашт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин ҳамоиш хабар дод, дар ҳамоиш намояндагон аз Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ки ба рушди соҳибкории хурду миёна машғуланд, инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок доштанд.

Зимни баромади худ иҷрокунандаи вазифаи роҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Манучеҳра Мадҷонова оид ба тақвият ва густариш додани иқтидори ташкилотҳои машваратӣ зикр намуд, ки «ҳадаф таъмин намудани хизматрасониҳои машваратии инноватсионӣ ва талабот аз ҷониби мушовирону коршиносон, муайянкунӣ ва арзёбии мушкилот миёни хизматрасониҳои соҳибкорӣ мувофиқи талабот ва тақозо, муҳокима намудани мушкилот ва монеаҳо дар самти мусоидати содирот ва нақши ташкилотҳои машваратӣ дар рушди тиҷорати хурду миёна ба шумор меравад».

Ҳамунин зимни ҳамоиш ҳамоҳангсози миллии Барномаи мусоидат ба тиҷорати БР СММ дар Тоҷикистон Парвиз Акрамов мақсади муштараки лоиҳаи мазкурро ба ҳозирин фаҳмонида, гуфт, ки ҳадафи он, пеш аз ҳама, мусоидат ба таҳкими иқтидорҳои миёнаравии тиҷоратӣ дар рушди тиҷорату содирот ва соҳибкории хурду миёна, ки ба таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ асос ёфтаанд, мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш ҳозирин атрофи дастоварду  комёбиҳо, дарсҳои омӯхта ва мушкилоти марбут ба ташкилотҳои дастгирии тиҷоративу содиротӣ дар Тоҷикистон суҳбат карданд.

 

Октябрь 12, 2017 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд