Чашм узвест, ки 90 фоизи маълумоти атрофро мо бо он қабул мекунем. 12 октябр- Рӯзи байналмилалии биноӣ

Октябрь 12, 2017 15:29

ДУШАНБЕ, 12.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ба хотири ҷалби бештари диққати ҷомеа ба мушкилии шахсони дорои имконияти маҳдуд дар тақвими ҷаҳонӣ рӯзҳои махсус қайд карда шудаанд. Яке аз инҳо Рӯзи байналмилалии биноӣ мебошад, ки бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол панҷшанбеи дуюми моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад. Бояд зикр намуд, ки дар ҷаҳон беш аз 300 млн нафар одам аз бемориҳои чашм азият мекашанд, ки аз ин шумора 37 миллионашон  тамоман нобино мебошанд.

Тавре ассистенти кафедраи бемориҳои чашми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино  Меҳрулло Каримов иброз дошт, сабабҳои гирифторӣ ба ин беморӣ зиёданд. Яке аз   сабабҳои асосие, ки шахсро ба камбинӣ ё нобиноӣ мерасонад, ин  бемории катаракта, яъне парда гирифтани чашм мебошад.  Дигар сабабаш –ин бемории глаукома мебошад, ки дар ҳолати баланд шудани фишори чашм ба амал меояд. Ҳамчунин дигар бемориҳо низ ба камбинӣ сабаб шуда метавонанд, аз ҷумла бемории қарния, диабети қанд, садама ва бемориҳои илтиҳобии чашм.

Ба гуфти мутахассис, «сабабҳои камбинӣ ё нобиноӣ ҳар хел мешаванд. Мисол, бемории  катаракта бештар дар калонсолон   дида мешавад, яъне он пардаи синну солӣ низ номида мешавад.   Инчунин диабети қанд,  шароити номусоиди кор,  радиатсияи нурҳои ултрабунафш сабаби ин беморӣ  шуда метавонанд.   Сабаби пайдоиши глаукома бемории ирсӣ мебошад».

Ба гуфти М. Каримов, як сабаби пайдо шудани ин бемориҳо, пеш аз ҳама, бепарвоии беморон мебошад. Онҳо сари вақт ба мутахассисон муроҷиат намекунанд, инчунин тавсияи духтуронро дуруст ба ҷо намеоранд.

«Ба нафароне, ки пайваста бо компютер кор мекунанд, тавсия дода мешавад, ки дар як сол як маротиба аз назорати духтури чашм гузаранд. Ин гуна шахсон бояд реҷаи кориро риоя кунанд, то биноии чашмашон паст нашавад. Бояд зикр намоям, ки ҳангоми кор бо компютер ҳар як нафар бояд аз айнакҳои махсус истифода барад, то   нурҳои электромагнитие, ки аз компютер пош мехӯранд, ба чашми онҳо зарари худро нарасонанд»,-гуфт М. Каримов.

Ба гуфти мутахассис, дар организм нарасидани витаминҳои А ва Е низ сабаби камбинӣ шуда метавонанд. Аз ин рӯ, ба нафарони чашмонашон хира истеъмоли меваҳое, ки ранги зард доранд, инчунин гӯшт ва равғани  моҳию ҷигар, ки  аз ин   витаминҳо бой мебошанд, тавсия дода мешавад.

«Чашм узве мебошад,  ки 90 фоизи маълумоти атрофро мо бо он қабул мекунем.  Барои эҳтиёти ин узви ҳаётан муҳим ҳар як падару модар бояд фарзандони худро соле як маротиба аз муоинаи профилактикии тиббӣ гузаронанд, то мо, мутахассисон тавонем сари вақт ин мушкилиҳоро пешгирӣ кунем»,-афзуд  М. Каримов.

Ибодат ДАВЛАТОВА

Октябрь 12, 2017 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад