Дар Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати нави маблағгузории Бонки осиёии рушд муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои беҳтар намудани идораи хавфи асъорӣ ва банақшагирии молиявии қарзҳои имтиёзнок барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) баррасӣ гардиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот инчунин муовини сархазинадори Департаменти хазинадории БОР Казуки Фукунага ва сармутахассиси Департаменти хазинадории БОР Раҷеш Поддар, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор доранд, ширкат намуданд.
Зимни вохӯрӣ сармутахассиси Департаменти хазинадории Бонки осиёии рушд Раҷеш Поддар сиёсати нави маблағгузорӣ таҳти унвони «Интихоби иловагии асъор барои маблағгузории имтиёзнок»-ро муаррифӣ намуда, оид ба хизматрасонӣ ва имтиёзҳое наве, ки БОР барои кишварҳои аъзо пешниҳод менамояд, маълумоти мушаххас дод.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев диққати ҳайати Бонки осиёии рушдро ба маблағгузории низоми бонкии кишвар равона намуд, ки айни замон дастгирии бонкҳои ҷумҳурӣ зарур арзёбӣ мегардад.
Дар интиҳои нишаст ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои тақвият додани ҳамкории дуҷонибаи судманд дар самтҳои барои тарафҳо манфиатовар чунин вохӯриҳоро идома диҳанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






