Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи коршиносони вазоратҳои корҳои дохилӣ оид ба коркарди лоиҳаи Низоми ягонаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба коркарди лоиҳаи Низоми ягонаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Дар ҷаласа муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода иброз дошт, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро содиршавии ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ, муташаккилонаву дигар ҷиноятҳои хавфнок сахт ба ташвиш овардааст. «Ошкору пешгирии чунин ҷиноятҳои муташаккил вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сохтори қудратӣ ба шумор рафта, мебояд ҳамаи мо дар ҳамбастагӣ фаъолият намоем ва баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти марзу буми ватани худ бо ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза барем»,-зикр намуд ӯ.
Дар ҷараёни ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мутахассисони соҳа оид ба баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта, дар ҳамбастагӣ фаъолият намудани мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъҳои баррасишаванда изҳори андеша намуданд.
Ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони мазкур дар сатҳи баланд доир гардида, ҷиҳати муташаккилона мубориза бурдан бо таҳдиду хатарҳои замони муосир мусоидат менамояд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






